«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2018
Дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 2014, №601 “Дар бораи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба рушди зеҳнии кӯдак, оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.                                                  
2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба фаъолияти самарабахши Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусоидат намоянд.
3 Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ таъмин намоянд.
4. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2015, №141 “Дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе” аз эътибор соқит дониста шавад.
5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                 Рустами Эмомалӣ