Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 December 2018

ш.Душанбе. 12.12.2018. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ бо ҳайати музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси музофот ҷаноби Ван Юн, ки бо сафари корӣ ба пойтахти  кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни мулоқот саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба махсус таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технология, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  аҳамияти ҷиддӣ доданд.

Қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Хайнан бахшида шуд.

Музофоти Хайнан бо масоҳати 35000 километри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда,  маркази он шаҳри Хайкоу мебошад.

Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба шумор мераванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.

Дар ҷараёни музокирот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии музофоти Хайнан Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайнани  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тасвиб расид.

Санади бародаршаҳриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии музофоти Хайнан муовини Раиси музофоти Хайнан ҷаноби Ван Юн имзо карданд.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчи   (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва шаҳи Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин(18 сентябри соли 2018) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.