Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 December 2018

Дар бораи тасдиқи низомномаҳои озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

ҚАРОР   МЕКУНАМ:             

 

1.Низомномаҳо ва ҳайати Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Хонандаи сол» тибқи замимаҳои 1-6 тасдиқ карда шаванд.

           2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳр, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳои      «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Хонандаи сол» тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намоянд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе маблағгузории озмунҳои мазкурро ҳангоми таҳияи буҷети солҳои минбаъда ба нақша гирифта, иҷрои онро таъмин намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи чораҳои такмил бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе» аз 12 октябри соли 2000, №136, «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт » аз 19 майи соли 2006, №224 «Дар бораи баргузории озмуни шаҳрии «Волидайни беҳтарини сол» аз 04 декабри соли 2012, №743 аз эътибор соқит дониста шаванд.

6.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ