Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 December 2018

Аз 21 то 31 декабри соли 2018 дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мегарданд.

Ярмаркаҳо дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинон меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили «Соли нави мелодии 2019» ташкил карда мешаванд.

Кишоварзони вилояти Суғд дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кишоварзони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), кишварзони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва кишоварзони вилояти Хатлон дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаш карда мешавад.

Марҳамат ба ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия!