Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2011

Қарори раиси    шаҳри    Душанбе №152     аз  аз 4 марти соли 2011

       

         Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

         панҷуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

      1. Иҷлосияи  панҷуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   25 марти соли 2011  соати  9 - 00    дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

     2. Ба рўзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

     2.1.Дар бораи гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №1.

     2.2.Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ. «Дар бораи рафти иҷрои чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати сохтмони иншоотҳо бахшида ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

     2.3.Ҳисоботи муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба корҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни 20 -  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    2.4.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №41 Турсунова М.Ғ. оид  ба иҷрои ваколатҳои худ.

    2.5.Дар бораи интихоб намудани раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кўдак.

    2.6.Дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

    3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рўзномаи иҷлосия гурўҳи корӣ дар ҳайати замимагардида, ки ба он дар асоси мувофиқа комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шомил гардидаанд, таъсис дода шавад.

    4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохўрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурўҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд. 

5.Шўъбаҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида мазмуну мундариҷаи

Қарори мазкурро ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур намоянд.

    6.Назорати иҷрои Қарори мазкурро ба зиммаи худ вомегузорам

                                                                                                     

           М.УБАЙДУЛЛОЕВ