Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 December 2018

ш.Душанбе, 15.12.2018. Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Тадбири фарҳангӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати эътироф гардидани яке аз намунаҳои рангинтарин ва қадимтарини ҳунарҳои мардумии тоҷикон - «чакан» ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ташкил гардид.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои мамлакат ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи ҳунари чакан, ки он аз ҷониби ҳунармандон ва косибон аз чаҳор ноҳияи пойтахт, вазорату идораҳои кишвар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дигар ҳунармандони шаҳри Душанбе ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, ба шумули либосу  лавозимоти хонадорӣ, ба мисли курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хурҷин ва ғайра, ки бо нақшу нигори гуногун аз қабили косагул, аштак, гули анор, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак, гули олуча, гули ошиқи печон, гули калон, гули лола, гули садбарг, гули садпар, гули себ, гули сиёҳгуш, гули райҳон, гули хайрӣ, ислимӣ, каҷак, тоҷихурӯс, булбул, думи товус, морпечон, моҳу ситора, пойи гунҷишк ва намунаҳои дигари санъати чакандӯзӣ оро дода шуда буданд, ба маъраз гузошта шуд.

Маҳорати дастони гулдӯзон, ки маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта буданд, гӯё имрӯзро бо гузашта мепайвандад ва дар гулҳои офаридаашон ба ояндагон нияти неки худ ва гузаштагонро ба мерос мегузоранд. 

Дар оғози барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан» муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ намуда, аз чумла таъкид карданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон, арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки чакан аз зумраи онҳо ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.

Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар намуда, якҷоя бо нону намак манзури мардум мегардонанд.

Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои чакандӯзӣ, аҳамияти таърихиву фарҳангии он ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд.

Дар баробари ин зимни барномаи фарҳангӣ намунаҳои гуногуни либосу лавозимот, аз ҷумла либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, ки бо завқи баланди эҷодкорӣ ва санъати волои амалӣ –ороишии чакандӯзӣ омода гардида буданд, намоиш дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий баргузор гардид, «чакан» - и тоҷиконро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Зимни муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «он як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.»

Гуфта шудааст, ки «Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд.» Ҳамчунин қайд гардидааст, ки «санъати чакан аз насл ба насл бо роҳи устод-шогирд ба мерос мондааст.»

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, эътироф гардидани чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таъриху фарҳанги бостонӣ шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистон оши палав ва бо пешниҳоди 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ин соли нави мардуми Шарқ низ ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардида буд.