Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 December 2018

ш. Душанбе. 18.12.2018. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 4 масъала, аз ҷумла, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2018, лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2019 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2017, дар бораи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Дар оғози кори иҷлосия, ҳисобот «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2018 пешниҳод гардид.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар семоҳаи сеюми соли 2018 ба 9,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7% фоиз ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо 6 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  19,4 % афзоиш ёфтааст.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вакилони халқро ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давоми 11 моҳи соли 2018 ҷалб намуда, ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳи Раиси шаҳр ва воҳидҳои сохтории дахлдор ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дастуру супоришҳо доданд.

Иҷлосия буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2019-ро қабул ва аз рӯйи нишондиҳандаҳо даромад ва хароҷоти буҷети шаҳрро муайян намуд.

Ҳамчунин иҷрои буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017 тасдиқ гардид.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини иҷрои пурра ва бечунучарои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андозҳо ва таъмини пурраи андозбандӣ, инчунин баланд бардоштани интизоми андозсупорандагон, вазифадор намуданд.

Дар идомаи кори иҷлосия пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе, ки бо Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоту сохторҳои дахлдор мувофиқа шудааст, баррасӣ гардида, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо қарори иҷлосия ҷиҳати тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе розигӣ доданд.

Тибқи санади мазкур сарҳади шаҳри Душанбе тағйир дода шуда, аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони умумии 7,6 ҳазор гектар қитъаи замин ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ворид карда мешавад.

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки соли 2018-ум бо тамоми ёддоштҳо ва навгониҳои зиёд барои кишвари мо, бахусус барои шаҳри Душанбе соли хотирмон буд.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсиву фарҳангии мамлакат макони баргузории чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ гардида, чун ҳамешагӣ симои худро ба яке аз шаҳрҳои муосири замонавӣ ва дорои имкониятҳои дастраси шаҳрнишинӣ табдил дода, ҳамчун шаҳри амну бехатар ва аз ҷиҳати инфрасохтор зудрушдкунанда муаррифӣ намуд.

Раиси шаҳр аз вакилони халқ,  роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб карданд, ки бо инобати дастовардҳои соли 2018, дар соли нави 2019 ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳри таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду пешрафт тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва ободонии шаҳр, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ  ба тамоми қишрҳои ҷомеа чораҷӯи карда, бо инобати баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ доир ба ҳамеша тозаву озода  нигоҳ доштани шаҳр, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, таъмини фарҳанги шаҳрнишинӣ, тақвияти корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар пойтахт мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.