Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 December 2018

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 630 мм, воқеъ дар буриши ҳиёбонҳои Н.Махсум ва А.Сино 

Бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 630 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода -сарҳади Ӯзбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои 0+00 то 1,2 буриши  хиёбонҳои Н.Махсум ва А.Сино», бо инобати муроҷиатҳои Филиали ширкати саҳҳомии «Синзян Коммуникейшнс Констракшн груп» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №18/99 ва №18/100  аз 05 декабри соли 2018, мутобиқи модаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                                              

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи  чорабиниҳои  замимагардидаи  Корхонаи давлатии «Обу корези Душанбе», Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва Филиали ширкати саҳҳомии «Синзян Коммуникейшнс Констракшн груп» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 630 мм, воқеъ дар буриши хиёбонҳои Н.Махсум ва А.Сино тибқи замимаи 1тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат  гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои 81, 82, Шараф, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков ва Бунгоҳи гармидиҳии марказии №2 аз  соати 22-00 рӯзи 25 декабри соли 2018 то соати 24-00 рӯзи 26 декабри соли 2018 қатъ мегардад.

3. Раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор дихад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

         Рустами   Эмомалӣ