Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 December 2018

ш.Душанбе. 27.12.2018. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза касб мекунад.

Дар ин робита баҳри таъмини сокинони пойтахт бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Душанбе тадбирҳои муассир андешида мешавад ва натиҷаҳо дар ин самт назарасанд.

Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ "Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии Корхонаи воҳиди давлатии  «Обу корези шаҳри Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Озмоишгоҳи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ташхису озмоиши сифати оби нӯшокӣ дар пойтахти мамлакат бунёд гардидааст.

Бинои озмоишгоҳ аз  ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои ташхисию корӣ ва маҷлисгоҳ барои 60 ҷой мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки дар ин озмоишгоҳ утоқҳои ташхиси умумии кимёвӣ, ташхиси мухтасари кимёвӣ, вазнбаркашӣ, ташхиси бактериологӣ, моеърезӣ, шустушӯи зарфҳо, анбор барои нигоҳдории дастгоҳу лавозимот ва моеъоти марбутаи соҳа фароҳам оварда шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо  бо дастгоҳу таҷҳизоти мусоири озмоишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ҳуҷраҳои кории муҳандисони озмоишгоҳ низ бо технологияи иттилоотӣ ва шабакаи интернет пайваст гардида, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандон мусоидат хоҳад кард.

Корҳои сохтмонии Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии  КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шуд.

Фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, пудратчии он  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  "Текстилконттрактрасстрой" мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, давоми соли ҷорӣ баҳри беҳтар кардани таъминоти оби нушокӣ ва партовҳо дар пойтахти мамлакат аз  буҷаи шаҳри Душанбе 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.  

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда, ба фаъолияти сохтмончиён баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки бунёди чунин иншоот қабл аз ҳама ба фароҳам овардани зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат равона гардидааст.

Зимни анҷоми корҳои сохтмонӣ низоми гармидиҳандаи бинои озмоишгоҳ пурра васлу насб ва ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳр пайваст карда шудааст.

Ҳамзамон Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» бо автомашинаи сайёр муҷаҳҳаз гардидааст, ки барои санҷиши дақиқу пурсамари оби нӯшокӣ ва фаъолияти пурмаҳсули кормандон мусоидат менамояд.

Ба иттилоъи кормандони Озмоишгоҳ чунин шароити корӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои техникие, ки фароҳам оварда шудааст, дар ягон давру замон вуҷуд надошт.

Имрӯз бошад, бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар як давраи кӯтоҳ чунин иншооти замонавӣ ва муҷҷаҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бештари кормандони ин Озмоишгоҳро занону буновон ташкил дода, аллакай дар касби худ мутахассиси баландихтисос гардидаанд.

Ҳамакунун бо бунёди бинои наву замонавии Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии    КВД «Обу корези Душанбе» шумораи кормандону муҳандисон ба 40 нафар расонида шуда, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва шароити фароҳамовардашуда имкон медиҳад, ки дар озмоишгоҳ 30 намуди ташхис гузаронида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки то таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди чунин инфрасохтори иҷтимоӣ, ки ба некуаҳволии мардум равона гардидааст, дар пойтахт вусъату густариши тоза касб мекунад.