Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 December 2018

ш.Душанбе. 27.12.2018. Имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов дар арафаи Рӯзи кормандони амнияти миллӣ бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматӣ соли 2017 оғоз гардида, дар муддати 1 сол пурра ба анҷом расонида шудааст.

Лоиҳаи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Корҳои сохтмонӣ бошад аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабр-Аф» ба анҷом расонида шудааст.

Имрӯз беҳсозии шароити хизматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансурро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Рӯзи кормандони амнияти миллӣ барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат арзёбӣ карданд.

Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 4 ошёна, аз ҷумла 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзишӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар маҷмуъ барои фаъолияти пурсамари кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар ноҳияи Шоҳмансур шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Фармоишгари иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинои нав бо маблағи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Ҳамзамон дар иншооти мазкур низоми гармидиҳии дохилӣ пурра васлу насб гардидааст.

Ҳудуд ва гирду атрофи бино тибқи меъёрҳои амниятӣ бо деворҳои муҳофизатӣ иҳота гардида, дар он низоми камераҳои мушоҳидавӣ, огоҳкунӣ аз сӯхтор ва алоқаи шаҳрӣ насб шудааст.

Ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва гулу буттаҳо атрофи иншоотро зебову назаррабо намудааст.