Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 December 2018

ш.Душанбе. 27.12.2018. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо тарҳи хоса бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд.

Сохтмони иншооти мазкур бо фармоиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе соли 2017 оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, корҳои сохтмон ва васлу насб аз ҷониби ҶДММ «Сабр-Аф» амалӣ гардидааст.

Маблағи умумии корҳо тақрибан 4 миллион сомониро дар бар гирифтааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур, ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз се ошёна ва болохона иборат буда, дар он баҳри кору фаъолияти кормандон 7 утоқи корӣ, 8 ҳучраи истиқоматии кормандон, иншооти ёрирасони соҳа, бойгонӣ, анбор ва толори варзишӣ мавҷуд мебошад.

Бинои хуштарҳу замонавӣ дар масоҳати 2100 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои шароити беҳтарини фаъолият ва истиқомати кормандон мебошад.

Зимни боздид Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти пурзаҳмату шабонарӯзии кормандони амният дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ нақши калон мегузорад.

Дар бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба кормандони ин ниҳод шароити шоистаи фаъолият муҳайё гардида, утоқҳои корӣ бо мизу курсиҳои муосир, компютер ва дигар лавозимоти замонавӣ таҷҳизонида шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо ҷиҳоз ва  дигар лавозимоти рузғор таъмин шудааст.

Иншооти мазкур бо инобати талаботи муосир бунёд гардида, дар он низоми камераҳои мушоҳидавӣ, огоҳӣ аз сӯхтор ва алоқаи шаҳрӣ таъмин гардидааст.

 Ҳамчунин низоми дохилии гармидиҳанда пурра васлу насб гардида, дар сурати гузаронидани қубури магистралӣ дар ин минтақа ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе пайваст карда мешавад.

 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди кормандони соҳа баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашни касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ табрику шодбош гуфта, бунёди чунин биноҳои замонавии кориро аз натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумат ва эътимоди баланду ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ба кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар унвон карданд.