«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 December 2018

ш.Душанбе. 27.12.2018. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи  таълимии томактабии №131 - ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд. 

Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи томактабӣ соли 1974  барои 100 нафар тарбиятгиранда сохта шуда буд.

Вале  бо гузашти қариб ним аср ин боғчаи бачагона ягон маротиба аз таъмири асосӣ бароварда нашудааст. Аз ҳамин сабаб ҳолати кунунии боғчаи бачагона ба ягон талаботи меъёрию стандартӣ ҷавобгӯ набуд.

Дар асоси талошҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони ин Муассисаи  таълимии томактабӣ аз сар гирифта шуд. Ҳамин тариқ кӯдакистони мазкурро бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи ҶДММ «Неъматуллоҳ-2000» пудратчӣ  ҶДММ «Ниёз»  бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи ирмӯза сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ҷои зикр аст, ки бинои нави кӯдакистони рақами 131 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо маблағи тақрибан 5 миллион сомонӣ сохта шуда, аз се ошёна ва таҳхона  иборат аст ва барои 110 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин боғчаи бачагона тамоми асбобу анҷоми хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст.

Муассисаи таълимии томактабӣ дорои айвонча,  ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ба хотири беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон, дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба ду забон: тоҷикӣ ва  русӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки барои таълим ва тарбияи дурусти кӯдакон бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурд, зеро ки маҳз кӯдакон ояндаи давлату миллатанд.

Вобаста ба ин, Раиси шаҳр ба мураббиёну тарбиятгарони Муассиса дастур доданд, ки дар тарбияи кӯдакон ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.