Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2011

14 марти соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр, ҳолати хизматрасониҳои коммуналӣ ба аҳолӣ аз ҷониби сохторҳои  муҳандисӣ, ғановати бозори истеъмолӣ, ҷараёни маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва рафти корҳои омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалию иҷрои нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба 20-солагии Истиқлолият, пеш аз ҳама вазъи сохтмони иншооти ҷашнӣ мавриди  баррасии амиқ қарор гирифта, вобаста ба масоили фарогир ба масъулин супоришу дастурҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи фаъолони пойтахт, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои шаҳрӣ, институтҳои шаҳрвандӣ ва кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсиро ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 161 аз 10 марти соли 2011 «Дар бораи омодагӣ ба ва баргузории вохӯриҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе» нигаронид.

Дар ин зимн  афзуд, ки тадбири мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бобати тақвият бахшидан ба раванди бунёдкорию ободонӣ дар шаҳр бо истифода аз имкониятҳои сокинону субъектҳои соҳибкорию хизматрасонӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва идораҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда ва густариши минбаъдаи корҳои оммавию сиёсӣ,  таблиғотию ташвиқотӣ баҳри омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини робитаи ногусастанӣ бо сокинони шаҳр ва сохторҳои шаҳрвандию ҷамъиятӣ, ҳуқуку озодиҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии сокинони шаҳр, андешида шудааст.

Дар асоси он шурӯъ аз 15 марти соли 2011 ба истиснои рӯзҳои истироҳатӣ ҳамарӯза баъд аз анҷоми соати корӣ дар таносуби ҳар як шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт вохӯриҳо доир карда мешаванд, ки аввалин чунин вохӯрӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сокинони ноҳияи Сино пагоҳ баргузор мегардад.

Дар ҷараёни баргузории вохӯриҳо муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо  роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки таклифу дархостҳои сокинони шаҳри Душанберо оид ба вусъати корҳои бунёдкорию ободонӣ, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ бобати дастгирии ҳамаҷонибаи ниёзмандон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқукии амалкунанда ва аз байн бурдани  камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ чораҳои фаврӣ андешанд ва дар ҳолати зарурӣ унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди асоснок манзур созанд.