Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 December 2018

ш. Душанбе. 27.12.2018. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили    30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бунёду азнавсозии иншооти гуногунсоҳа бо маром идома дорад.

Дар ин замина 27 декабр дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъди азнавсозӣ 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Қаблан дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №56 – и ноҳияи Сино 160 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуд. Баъди азнавсозии як бинои дигари муассиса, ки ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дошт, барои 280 нафар хонанда шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Азнавсозии бинои иловагии кӯдакистони №56 моҳи апрели соли равон оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шудааст. Фармоишгари лоиҳа Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро дар асоси лоиҳаи ҶДММ «Неъматуллоҳ-2009», ҶДММ «Болҳои Сафед» бо маблағи беш 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ анҷом додааст.

Бинои кӯдакистон аз 2 ошёна, аз ҷумла, 4 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои бозии кӯдакон ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, бо ҷиҳозу лавозимот ва дигар шароити зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Инчунин дар доираи азнавсозии иншоот дар саҳни кӯдакистон 12 айвонча, майдончаҳои бозию дилхӯшӣ ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст.

Дар расми ба истифода супоридани иншооти мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти муассисаи томактабии мазкур иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки бо инобати таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли наврас, масъулини ва кормандону мураббияҳои кӯдакистон баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.

Иншооти дигаре, ки имрӯз баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, Муассисаи таҳсилоти томактабии №18-и ноҳияи Сино мебошад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии №18-и ноҳияи Сино аз иншооти гуногун, аз ҷумла 14 ҳуҷра барои хоби кӯдакон, 14 ҳуҷра барои бозӣ, утоқҳои либоскашӣ, машқу таълими мусиқӣ ва гимнастика, гӯшаи табибон ва иншооти дигари ёрирасон иборат мебошанд.

Фармоишгари лоиҳа Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, он аз ҷониби ҶДММ «Шаҳрофарин» таҳия карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоотро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Балх-2015» бо харҷи наздики 8 миллион сомонӣ анҷом додааст.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ саҳни муассисаи томактабӣ низ пурра азнавсозӣ гардида, дар ҳудуди он 22 айвонча ва гӯшаҳои сершумори бозию дилхӯшии кӯдакон сохта шудааст. Инчунин дар ҳудуди муассиса масоҳати беш аз 7100 метри мураббаъ  ба кабудизор табдил дода шудааст.

Дар доираи азнавсозии муассиса дар он ҳавзи шиноварӣ, ки барои оббозии кӯдакон дар тамоми фасли соли мутобиқ карда шудааст, бунёд гардидааст.

Тибқи иттилои масъулин, баъди азнавсозии муассиса баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани 320 нафар кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.