«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 December 2018

ш.Душанбе. 29.12.2018. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ  таҳти унвони "Шаҳри орзуҳо" доир гардид.

Чорабинӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҳулули Соли нави 2019 ва ба истироҳату фароғат фаро гирифтани кӯдакону наврасони пойтахт ташкил гардида, дар он наздики 2000 кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок доштанд.

Толори Сирки давлатӣ бо тарзи хоси солинавӣ оро дода шуда, рамзи асосии соли нави мелодӣ Арчаи идона дар он насб гардида буд.

Барномаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 ба унвони тамоми кӯдакони пойтахт расонд.

Дар идома, барномаи рангини солинавӣ таҳти унвони  «Шаҳри орзуҳо», ки аз ду қисми асосӣ –   намоиши театрикунонидашуда ва базми солинавӣ, ки аз  суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар васфи «Тоҷикистон», «Шаҳри орзуҳо - Душанбе», «Соли нав», «Соли Хубон» ва ғайра иборат буд, пешниҳоди иштирокчиён карда шуд. 

Бо пешниҳоди барномаи театрикунонидашуда ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд,  иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахаюлот ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид менамуданд.

Суруду тарона ва саҳначаҳои шавқовару рангин  аз ҷониби кӯдакон бо самимият ва шодию фараҳ истиқбол гардиданд.

Дар баробари ин, шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсоли чорабиниро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён тақдим карда шуданд, дучанд гардонид.