Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 December 2018

ш.Душанбе. 31.12.2018. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар машварати назоратӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ҷамъбаст намудани соли 2018 ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гирифтани соли нави мелодии 2019 ба масъулин ва сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Маврид ба зикр аст, ки соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву ободониро вусъат бахшида, дар аксар соҳаҳо ба пешравиҳои муайян ноил гардид.

Дар ин давра ба рушди инкишофи ҳаматарафаи насли наврас  ва таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус зоҳир гардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои муҳайё кардани шароити таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Соли ҷорӣ дар баробари бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав, аксар муассисаҳои соҳаи мазкур  аз таъмири асосиву ҷорӣ бароварда шуда,   барои тармиму азнавсозӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва дигар лавозимоти зарурӣ маблағҳои лозима сафарбар гардиданд.

Аммо дар  баробари муҳайё намудани шароити лозимаи таълиму таҳсил, фаъолияти соҳа ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Дар ин робита Раиси шаҳр барои тақвияти фаъолияти гуногунҷанба таваҷчуҳи масъулин ва сохторҳои марбутаро ба пурзӯр намудани назорати ҷиддӣ дар татбиқи амалии барномаҳои мақсадноки соҳа,   баланд бардоштани дараҷаи таълиму тарбия ва сатҳи донишу малакаи  хонандагон, пурзӯр намудани назорати интизоми таълимии толибилмон, ҳамчунин омӯзгорон дар самти сари вақт ба дарс ҳозир шудани онҳо, ҷоннок намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо истифодаи наворҳо оид ба пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба созмону ташкилотҳои ифротиву террористӣ, ташкили вохӯриҳо бо омӯзгорони собиқадор барои омӯзиши таҷрибаи онҳо ҷиҳати боз ҳам шавқовару фаҳмо гузаронидани дарсҳо, дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти таҳкими робитаи падару модарон бо мактаб, ташкили викторина ва дигар чорабиниҳои интелектуалӣ ҷиҳат бедор намудани завқи донишандӯзӣ ва васеъ намудани дараҷаи ҷаҳонбинии хонандагон, тақвият бахшидани робитаи  мактаб бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нораво дар таълимгоҳҳо, ҷобаҷогузорӣ кадрҳо ва ғайра равона кард.