Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 December 2018

ш.Душанбе. 31.12.2018.  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаи беҳдошти солимии ҷомеа дахл намуда, таъкид намуданд, ки сиҳатии омма ва пешгирии ҳама гуна равандҳои нораво аз вазифаҳои умдаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор меравад.

Дар самти беҳдошти солимии ҷомеа ва пешгирии ҳама гуна бемориҳо, аз ҷумла вируси норасоии маснуияти одам(ВНМО) дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа пурзӯр ва ҳадафманд роҳандозӣ шавад.

Аз ин лиҳоз ниҳодҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки бобати андешидани  тадбирҳои муассиру мушаххас чораҷӯӣ намоянд.

Аз ҷумла муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, марказҳои ташхису табобатӣ, муассисаҳои таблиғу тарвиҷ ва табъу нашр ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳуроти зараровар бояд корҳои фаҳмондадиҳиро ба таври муассир ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозагиву поккорӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва дигар амалҳои неку хайр ва иҷрои бечунунчарои дастуру супоришҳо  вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нави мелодии 2019 дар назди роҳбарону масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас гузоштанд.