Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 December 2018

ш.Душанбе,  31.12.2018. Шоми имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 дар майдони "Дӯстӣ"-и  пойтахт шоу-консерти идонаи солинавӣ бо иштироки устодони ҳунар ва ҳаваскорони санъати ҷавони пойтахт доир гардид.  

Дар ибтидо  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 ба иштирокчиён ва кулли сокинони пойтахт расонид.

Соле, ки сипарӣ гардид, ҳамчун соли бистуҳафтумин солгарди озодиву соҳибихтиёрии Ватанамон барои хурду бузурги мамлакат воқеан таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани орзуву ормонҳои созандаи миллиамон буд.

Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Душанбе бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини зебоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд.

Тавре таъкид гардид, 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи Ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид, ки ин рӯйдоди басо аризшноки таърихӣ маҳсуб меёбад.

Соли гузашта боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки 16 ноябр чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки аз орзуву ормонҳои миллии мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба шумор меравад, ба фаъолият шуруъ кард ва ин воқеан ҳам рӯйдоди бузурги таърихии на танҳо сол, балки аср маҳсуб меёбад.

Соле, ки гузашт дар баробари корҳои созандагиву ободонӣ, ки аксар соҳаҳои шаҳрдориро фаро гирифт, дар самти робитаҳои берунии Душанбе басо хотирмону пурмазмун арзёбӣ мегардад.

Дар ин давра пойтахти азизамон бо шаҳри Чиндао ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда, бо шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ Созишнома ба имзо расонида, бо шаҳри Минск нақша-чорабиниҳои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитариро ба тасвиб расонд ва Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург ва Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанберо созмон дод.

Сипас дар саҳнаи майдон чорабинии идона, ки дар сатҳи баланди ғоявӣ ва маънавӣ омода шуда, фарорасии соли нави мелодии 2019-ро тараннум менамуд, пешниҳоди сокинону меҳмонон гардонида шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли нави мелодии 2019 ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба худ симои идона ба бар намуда, марказ ва дигар маҳалҳо ба шаҳри афсонаҳо табдил дода шуда буд.

Баҳри иштирок дар тантанаҳои идона сокинони синну соли гуногун дар марказ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва ормиву муттаҳидии ватан фарорасии Соли нави мелодиро таҷлил карданд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2019 дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Шоҳмансур дар майдони 800 солагии Москва, ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар саҳни майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт бо иштироки ҳунармандону эҷодкорони санъати пойтахт баргузор шуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2019 дар фазои пойтахт дар муддати 5 дақиқа мушакпарронии(фейрверки) идона сурат гирифт.