Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 January 2019

Дар бораи  эълон намудани ғолиби озмун  

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 ноябри соли 2018, №719 «Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ», бо инобати Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоч бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Протоколи замимагардидаи ҷаласаи Комиссияи озмунӣ оид ба муайян намудани намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ тасдиқ ва лоиҳаи пешниҳод-намудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Қурбонов Бадриддин Маҳмадҷонович (замима мегардад) ғолиби озмун дониста шавад.

2. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Қурбонов Бадриддин Маҳмадҷонович маблағи 5 000 (панҷ ҳазор) сомониро ҳамчун мукофотпулӣ пардохт намояд.

3. Ширкатҳои нақлиётии тавассути воситаҳои нақлиёти мусофирбари сабукрави кироякаши таксӣ фаъолияткунанда, ки хизматрасониро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадор карда шаванд, ки то 15 июни соли 2019 воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

4. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе муваззаф карда шаванд, ки ҷиҳати бо намои зоҳирии қабулгардида роҳандозӣ намудани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ тадбирҳои мушаххаси мақсаднок андешанд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ