Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 January 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, шурӯъ аз 16 январи соли 2019 ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33 (маҳаллаи Фучик – Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) дар кӯчаи Н.Қарабоев манъ карда шуда, шумораи автобусҳои №2 (Терминали мусофирбарии Шарқ-транс - Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) автобусҳои №18 (кӯчаи Гагарин - маҳаллаи Пахтакор), троллейбусҳои №4 (маҳаллаи Гулбутта - Фурудгоҳ),     №12 (Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта) зиёд карда шуда, фосилаи ҳаракати онҳо кам карда мешавад.

Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир ва троллейбусҳо дар кӯчаи  Н.Қарабоев истифода баранд.