Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 January 2019

ш.Душанбе. 15.01.2019. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд. 

Дар оғоз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет ҳисобот доданд. 

Раиси шаҳр аз ҷумла иброз доштанд, ки дар соли 2018 Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 13,8  миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017  7,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,1 фоизро ташкил дод. Суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118 фоиз, гардиши савдо 120 фоиз, мусофиркашонӣ 105 фоиз, боркашонӣ 107 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104 фоиз таъмин шудаааст. 

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ   18.3 фоиз афзоиш ёфта, ба 2,2 миллиард сомонӣ (2194,6 миллион сомонӣ) баробар шавад

Тазаккур дода шуд,ки дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 22 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмуъ  27 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд. 

Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба 42331 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 826 адад зиёд мебошад. 

Дар ҷамъомад муовини якум ва муовинони Раис шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир ба натиҷахои фаъолияти худ дар соли сипаригардида ҳисобот манзур намуданд. 

Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи пойтахт Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ соли 2018 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ гардида, сохтмон ва азнавсозии 16 муассисаи таълимӣ барои 12508 ҷойи нишаст идома дорад.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз нуқсону камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд дар кутоҳтарин фурсат ислоҳ ва роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Аз ҷумла Раиси шаҳр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори пойтахт дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, роҳ надодан ба қабули нафарони ғайриихтисос дар соҳаи маориф, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва назорати ба таҳсилот ҷалб гардидани хонандагони ҳудуди шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии пойтахт тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ карда шаванд. 

Раиси шаҳр ҳамчунин аз нуқсону камбудиҳо дар сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифати соҳа, такмили сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ёдовар шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр дар давраи соли 2018 аз ҷониби муассисаву сохторҳои тобеъи пойтахт дар 24 иншоот, аз ҷумла дар 19 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 32,5 километр, дар 4 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 5,5 километр ва иҷроиши  кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳо, ба 242 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида зиёд аст. 

Аз мавзуоти дигаре, ки ба таври амиқ таҳлилу баррасӣ гардид, рушди соҳаи сайёҳӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр ба шумор меравад.

Дар доираи эълон гардидани соли 2018, ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт соли сипаришуда 102 адад майдончаи варзишӣ ва 11 адад боғу гулгаштҳои нав бунёд гардида, зиёда аз 200 бино пурра рангубор ва таҷдид гардидааст.

Тавре тазаккур дода шуд, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори 30 солагии истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти мамлакат давоми 3 соли оянда бунёди иншоотҳо, аз ҷумла 22 адад муассисаҳои таълимӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст, 74 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 24 адад сартарошхона ва кошонаи ҳусн, 133 адад биноҳои баландошёна ва таҷдиду рангубори 121 хобгоҳҳо ва 2224 биноҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ин робита, муовинони Раиси шаҳр, Раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори пойтахт вазифадор гардиданд, ки сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутобиқ бунёд гардидани иншооти бунёдшавандаи шаҳр таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Раиси шаҳр ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди маънавиёт ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳанги миллию умумибашарӣ, таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини пардохти пурраи андозҳо, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави андоз, таъмин намудани аҳолӣ бо барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таблиғу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ миёни сокинон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, назорати фаъолияти фармасевтӣ ва пешгирии воридот ва фурӯши доруҳои пастсифат, захираи кофии маҳсулоти озуқаворӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои кишоварзии ҳудуди пойтахт ва дигар масъалаҳои муҳим диққати ҷиддӣ дода, дар назди масъулини соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт вазифадор гардиданд, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва амният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешигирии ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Раиси шаҳр масъулин, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои дахлдор ва марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро муваззаф сохтанд, ки бо дарназардошти баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони беш аз 27 кишвари олам соли 2019 дар шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагиро вусъати тоза бахшанд ва дар муаррифии арзандаи пойтахт чун оинаи давлат нақши арзандаи худро гузоранд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳр дар соли 2018 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.