Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2011

МУОВИНИ

РАИСИ

ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 734025 ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48

 15.03. 11 №2/8/10

 

Ба рӯзномаи «Азия-Плюс»

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо баррасии матлаби интишоркардаи «хонандаи» рӯзнома Л.Николаева, «Азия-Плюс» аз 9 феврали соли 2011 саҳифаи В 8-9 «Великое переселение народов, или социально-политические аспекты Генерального плана застройки Душанбе» бо нигаронӣ аз андешаҳои сатҳӣ ва ғайрикасбӣ ибрознамудаи муаллифи «огоҳ» аз «мушкилоти» ҷараёни татбиқи Нақшаи генералӣ дар шаҳри Душанбе, ки рӯзнома низ бо истифода аз гуногунадешӣ ва озодии баён дар кишвар маводи мазкурро мутаассифона беандешаи оқибатҳои тавлиди ғояи таҳрифкунандаи воқеият ба табъ расонидааст, қатъиян изҳор менамояд, ки бо он мувофиқ нест.

 Дар робита ба ин, маврид ба таъкид медонад, ки «аргумент»-ҳои овардаи муаллиф, бигузор «хонандаи» рӯзнома бошад ҳам нисбати сиёсати шаҳрсозӣ ва ҷараёни татбиқи Нақшаи генералии шаҳр комилан беасос буда, дигар ин, ки арзёбии масъалаи аз донишҳои касбӣ фарохтар кори ҳар раҳгузар нест ва набояд фаромӯш кард, ки ҳар амали дар ободонии шаҳр анҷомгиранда маҳз бо риояи талаботи қонунгузорӣ сурат мегирад.

Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки он овозаву сару садоҳои атрофи ин амалкард ҷойдошта бе асосанд ва ягон сохтор  ё институтҳои шаҳрвандӣ  ба андозаи шаҳрдорӣ то ба имрӯз ноил ба он нагардидааст, ки бештар аз шаҳрдорӣ ҳуқуқу манфиатҳои  сокинони онро дар доираи қонун волотар нигоҳ дошта бошанд.  

Акнун муфассалтар нисбати ҳар як «аргумент» аз 1 то 9.

1. «Хонандаи» мӯҳтарам фаромӯш кардаанд, ки Душанбе бино аз соли 1991 мақоми пойтахти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро доро гардида, ба макони будубоши Роҳбарияти Олии кишвар, институтҳои идоракунии давлати мустақил, баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва ташрифоти сарони давлатҳои ҳамкор табдил гаштааст. Лиҳозо, барои мувофиқ ба мақоми хеш рушд намудани Душанбе дар шаҳр мутобиқ ба Нақшаи генералӣ роҳандозии бунёди инфраструктураҳои дахлдор аз вазифаҳои аввалиндараҷаи шаҳрдорӣ маҳсуб меёбад ва дар расидан ба ҳадаф вобаста аз имкониятҳои буҷавӣ маблағҳо ихтисос дода мешаванд ва бештар аз ҳама тадбирҳо барои ҷалби потенсиали сармоягузорони ватанию хориҷӣ равона мегарданд. Дигар ин, ки «хонандаи» «ғамхор»-и рӯзнома ба якборагӣ аз хотири нозукашон зудуда созанд, ки Душанбе ва душанбегиён  ҳеҷ гоҳ аз ҳамраъйӣ дар амалисозии барномаҳои муҳиму тақдирсози давлатӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти кишвар бо ташаббус роҳандозӣ мешаванд дар канор набуда, ҳамеша пешсафи татбиқи чунин ибтикорот буданд ва мемонанд.

Муҳимтар аз ҳама, аслан мо аз бемағзии пистаҳо хандасор нестем, бунёди меҳмонхонаҳои 5-ситорадор аз атрибутҳои тақозокунандаи инфраструктураи пойтахтҳои давлатҳои мустакил буда, ташкили ингуна хизматрасониҳо ногузир мебошад. Дар ин росто хонандаҳои мӯҳтарами рӯзнома дониста бошанд, ки дар асоси сиёсати давлатӣ сохтмони меҳмонхонаҳои 5-ситорадор танҳо аз ҳисоби сармоягузорони ватанию хориҷӣ амалӣ шудаанд ва он ҳеҷ рабте ба маблағҳои мо- андозсупорандагон надорад ва метавонанд осуда бошанд.

Нақшаи генералии шаҳр санади нав нест ва ба маълумоти кулли «хонандагони» гиромӣ расонида мешавад, ки Нақшаи генералии амалкунандаи шаҳри Душанбе ҳанӯз 30 декабри соли 1983 бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 382  тасдиқ гардидааст ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 31 январи соли 2006 мӯҳлати истифодабарияш то соли 2030 тамдид ёфта, айни замон дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №256 аз 15 майи соли 2009 «Дар бораи ҷамъбасти тендери кушод оиди тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе байни шахсони ватанию хориҷӣ» ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва бо дарёфти ғолибият дар озмун пудратчии тасҳеҳи Нақшаи генералӣ интихоб гардида, барои иҷрои корҳо ба маблағи 415 ҳазор $ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарордод ба имзо расонид.

Мувофиқ ба талаботи қарордоди мавҷуда ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанберо ҳамчун пойтахти ҷумҳурии мустақил бо нуфузи то як млн. аҳолӣ таҳия намуда, ба баррасии фармоишгар - Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуд.

Лоиҳаи зикргардида тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 21 декабри соли 2010 дар сомонаи интернетии  шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj  ва дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев 48 ба баррасии васеи шаҳрвандон гузошта шудааст, ки ҳар кадоме имкон доранд шинос гардида, таклифу пешниҳододи худро дар китоби қайди Сарраёсат сабт намоянд ва дар ин ҷода ноогоҳии «хонанда» моро дар шигифт нахоҳад гузошт.

2. Ба таваҷҷӯҳи «хонандаи» гиромӣ мерасонем, ки ҳолати хатҳои муҳандисӣ, пеш аз ҳама  системаи обу корезӣ ва барқрасонии шаҳр таърихи бунёд, мӯҳлати истифода ва иқтидори онҳо бе таъкиди муаллиф шаҳрдориро маълум аст. Дар ин самт бобати таҷдиди системаи мавҷуда миллионҳо доллари амрикоӣ маблағҳо ва мӯҳлатҳои муайян зарур мебошанд ва дар асоси ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ бо амалисозии Лоиҳаҳои дахлдор, ки айни замон аз  ҷониби институтҳои молиявии ҷаҳонӣ пеш аз ҳама Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд  маблағгузорӣ карда мешаванд, дар дурнамои ҳамкориҳо навсозии системаҳои мавҷуда пешбинӣ карда шудаанд. Иншооти нави дар асоси Нақшаи генералӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдшаванда сирф бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир ва амалӣ карда мешаванд ва дилхоҳ фармоишгари иншоот пайвастшавии сохтмони навро ба хатҳои муҳандисӣ бо инобати тавоноии он ё дар ҳолати зарурӣ тибқи шартҳои техникӣ бо кашидани хатҳои нав роҳандозӣ менамояд, ки эроди муаллиф «кушодани Амрикои нав » нест.

Иқтидори истеҳсолию хизматрасонии КВД «Обу корези Душанбе», ки дар якшабонарӯз 750 ҳазор метри мукааб интиқоли обро ташкил медиҳад ва  дар сурати риояи фарҳанги истеъмолӣ аз ҷониби муштариён он эҳтиёҷоти истеъмолкунандагонро комилан қонеъ мегардонад.

3. «Хонандаи» арҷманд  дониста бошанд, ки Нақшаи генералии шаҳр бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад. То ба ҳол дар шаҳр иншоотҳои мухталифе ҷой доранд, ки бидуни талаботи он бунёд ва мавриди истифода қарор доранд ва татбиқи Нақшаи генералӣ мутобиқ ба муқаррароти қонунгузорӣ ҳатман бо огоҳонидани қаблии соҳибмулкон амалӣ гардонида мешавад. Дар ин росто «хонандаи» рӯзнома бехавотир бошад, ки дар шаҳри Душанбе минбаъд ба ҷуз аз минтақаҳои маскунии пешбинишаванда, ки рӯйхати онҳо ояндаи наздик дар воситаҳои ахбори омма  барои маълумоти шаҳрвандон интишор карда мешавад, бо мақсади самаранок истифода бурдани ҳар як метр қитъаи замин  биноҳои баландошёнаи манзилию маъмурӣ ва хизматрасонию фарҳангӣ-маишӣ  бунёд мешаванд.

Тавре дар боло зикр намудем сохтмону ободонии шаҳр танҳо дар асоси Нақшаи генералии шаҳр, ки аз замони Шӯравӣ мавриди амал қарор дорад сурат мегирад ва дар доираи имкониятҳои фароҳамовардаи шаҳрдорӣ дилхоҳ шахси воқеию ҳуқуқии ватанӣ ё хориҷӣ, новобаста аз миллату баромади иҷтимоӣ метавонад мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории мамлакат дар ин ҷараён на бо сухан, балки дар амал бо инобати бардошти вазъи молиявияш  саҳмгузор бошад. Ботиландешӣ ва қонунпоймолкунӣ дар ин самт ба ҳеҷ кас роҳ дода намешавад ва ҳар хилофкор тавре ҷомеаи шаҳр аз он бархурдоранд, дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Нодида гирифтани пешрафти иқтисодию меъмории шаҳр, ки бо такя ба потенсиали соҳибкорон пайваста биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат афрохта, номгӯи хизматрасонӣ ва ҷойҳои нави корӣ таъсис мегарданд, мушкилоти «хонандаи» закӣ мебошад.

4. Бо шукргузорӣ аз ифодаи иродаи халқ, ки дар ҷумҳурӣ дар асоси конститутсионӣ замин моликияти истисноии давлат аст ва он объекти хариду фурӯш буда наметавонад, ба таваҷҷӯҳи «хонандаи» «таҳлилгар» мерасонем, ки дар ҳама сурат қитъаҳои замин дар доираи талаботи Нақшаи генералии шаҳр танҳо тибқи қонунгузорӣ бо хулосаи сохторҳои дахлдор ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе барои эҳтиёҷоти ҷамъиятию давлатӣ гирифта мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки ба шахсони воқеию ҳуқуқии хориҷӣ тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мӯҳлатноки он то 49 сол дода шуда, бо анҷоми мӯҳлат дар асоси мувофиқаи тарафҳо он тамдид карда мешавад.

Аз ин лиҳоз «хонандаи» мӯҳтарам метавонанд донишҳои ҳуқуқии худро сайқал дода, аз иштироки шахсони воқеию ҳуқуқии ватанӣ ё хориҷӣ дар барномаҳои сохтмонии шаҳр беташвиш бошанд.

5. Ҳаминро бояд хотиррасон кард, ки аз нигоҳи талаботи конститутсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба дӯш доранд.

Бо боварии комил метавонем гуфт, ки дар ин ҷода роҳбарияти шаҳр таъмини амалии волоияти қонунро дар ҷомеа ҳамеша дар маркази фаъолият қарор медиҳад.   

             Нақшаи генералӣ тадриҷан танҳо ва маҳз дар доираи қонунгузории амалкунанда,  пеш аз ҳама ба манфиати сокинони он ва аҳли ҷомеаи шаҳр амалӣ карда мешавад, шаҳрдорӣ намегузорад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба манзил ва моликият дар ин самт поймол гардад.

            Таври мисол, шаҳрдорӣ то имрӯз шаҳрвандони аз  кӯчаҳои Ш. Руставелӣ, Бохтар, қаҳвахонаи «Бадахшон» ва ҳамшафати иншоотҳои «Қасри Миллат», «Амфитеатр» ба дигар манотиқи шаҳр кӯчонидашударо дар маркази шаҳр ва 239 оилаҳои маҳаллаи Тахмосро низ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бо квартираҳои баробарзиш дар биноҳои баландошёнаи моликияти коммуналӣ таъмин намуд.

Бо таассуф метавон зикр сохт, ки ингуна «аргументҳо»-и бетаҳлил ва дур аз воқеият интишоршавияшон феълан бештар ба назар мерасанд. Набояд фаромӯш кард, ки итиллоъ ё худ маводи интишорӣ низ ба минволи дилхоҳ маҳсулоти ғизоӣ коркардро талаб менамояд. Агар истеҳсолоти бесифат дар сохтмон касрат ворид созад, маводи ғизоӣ ба саломатии инсон зарар оварад, пас матлаби коркард нашудаву ғайривоқеӣ метавонад дар рӯҳия ва тафаккури ҷомеа хисорот ворид кунад. Аз ин лиҳоз, фикр мекунем, ки ҳар хомабадаст - «хонанда» ё соҳибнашрия масъулияти сухан  ва оқибатҳои таҳрифи воқеият дар шуури ҷомеаро баръало эҳсос намояд, ки пош додани чунин «аргументҳо» дар шаклгирии рӯҳияи носолими ҷомеа нақшбандии муассир дорад, дар назди қонун низ ҷавобгариро металабад.

6. «Хонандагони» азиз, шаҳрдорӣ низ то андозаи Шумо нисбати арзишҳои таърихию миллӣ ва фарҳангию меъморӣ эҳтиромгузор аст. Ҳамзамон, пайваста дар роҳандозии тадбирҳост, ки мавҷудаашон ҳифз ва аз рӯи имкониятҳо теъдодашонро ба минволи «Маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Боғи устод Рӯдакӣ» афзун намояд.

Он чӣ корҳои огоҳонии шаҳрвандон-соҳибмулкони манзили истиқоматияшон дар қисмати кӯчаҳои протоколӣ (кӯчаи А.Дониш - С. Айнӣ - хиёбони Рӯдакӣ-Чорбоғ) ҷойгирбуда, ки то ба имрӯз сурат гирифтааст, ба хотири пешгирии шаҳрвандон аз масрафоти маблағҳои оилавиашон амалӣ гардидаанд. Зеро дар асоси талаботи Нақшаи генералӣ марҳила ба марҳила то соли 2030 бо бартрафсозии биноҳои мавҷудаи камоёшнаи дар шафати роҳҳо ҷойгирбуда,  ки аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқукии дархосткунанда ҳамчун фармоишгар ҷуброни нархи бозории квартираҳо ба соҳибмулкон ё худ квартираҳои замонавӣ дар биноҳои бунёдшаванда дар маркази шаҳр  таъмин карда мешаванд, сохтмони биноҳои баландошёнаи маъмурӣ бо инобати марказҳои мухталифи хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал ба анҷом мерасанд.

Ба маълумоти «хонандаи» мӯҳтарам расониданием, ки маҷмӯан дар шаҳри Душанбе 7 адад ва аз он дар кӯчаҳои зикргардида ба ҷуз аз 4 адад - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- (1940), Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ - (1946), Китобхонаи ба номи Абулқосим Фиравсӣ – (1953), Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - (1957)  дигар иншооте, ки арзиши таърихию фарҳангӣ дошта бошанд вуҷуд надорад.

7. Бо ҳама роҳнамоии «хонанда» маълум медорем, ки  сохтмони дилхоҳ иншоот дар минтақаҳои шаҳр танҳо тибқи Нақшаи генералии шаҳр бо фарорасии мӯҳлат ва даст додани имконияти молиявию инвеститсионӣ  амалӣ карда мешаванд.

8. Дар ин қисмат ба нотавонбинии «хонанда» оид ба рушди инфрасохтории шаҳрамон ҳуқуқ дорем, ки нафрат биорем. Итминон аст, ки дар ин тангназарӣ чӣ дилсиёҳиҳои манфуре нуҳуфтааст. Танҳо як мисол. На барои эътимоди «хонанда», балки барои маълумоти сокинони шаҳр расониданием, ки бар замми ҳама боғҳои истироҳатии мавҷуда шаҳрдорӣ соли ҷорӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 15 га замин, дар минтақаи Буни ҳисорак боғи замонавии ба истилоҳ «Диснейленд»-ро барои фароғати кулли сокинону меҳмонон аз хурд то  бузург армуғон месозад ва ҳоҷат ба шарҳу таъкиди майдончаҳои варзишию фароғатии дар шаҳраку маҳаллаҳо бунёдшуда ё дар нақшабуда нест.

9. Мусаллам аст, ки бунёди давлати иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз ҳамагон заҳмат ва меҳнати шабонарӯзӣ тақозо мекунад. Ин мароми  ягонаи Роҳбарияти олии кишвар ва мардуми мо мебошад ва расидан ба ин ҳадафҳои арзишманд мақсади ягонаи мост. Шаҳрдорӣ то ба имрӯз чун мароми бебозгашт самти таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва тарбияи қонунсолорӣ дар замири шаҳрвандонро пеш гирифтааст  ва нахоҳад гузошт, ки ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи салоҳияти хеш поймол шуда бошад.

Дар фарҷоми матлаб аз «хонандагон» ва мураттибони рӯзномаи «Азия-Плюс» хоҳиш мекардем, ки минбаъд барои сӯистифода накардан аз озодии баён, қабл аз интишори «назарҳо»-и хонандагон ба маводи нашргардида, ҷиҳати дастрасии омма ба воқеияти масъала, кор гирифтан сари андешаи солим ва мавқеи масъулинро фаромӯш насозанд. Дар сурати акс ва идомаи чунин махлутсозии фазои иттилоотӣ ёдовар мешавем, ки қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.

Бо эҳтиром,

                                                                                          Р. Таваров