Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 January 2019

Ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет як зумра корҳоро ба анҷом расонид.
Бо андешидани чораҳои амалигардида ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 ба 7,3 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 20,1 фоиз баробар гардид.
Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118 фоиз, гардиши савдо 120 фоиз, мусофиркашонӣ 105 фоиз, боркашонӣ 107 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104 фоиз таъмин карда шуд.
Аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,3 фоизро ташкил намуд.
Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион сомонӣ ё 2 маротиба, саноати коркард 1,5 миллиард сомонӣ ё 16 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ ё 9 фоиз зиёд гардидааст.
Бо вуҷуди ин, истеҳсоли 30 намуди маҳсулот кам гардида, 2 намуди маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст.
Дар ноҳияҳои И. Сомонӣ 5, Шоҳмасур 10, Фирдавсӣ 15 ва Сино истеҳсоли 19 намуди маҳсулот кам шудааст.
Бинобар ин, ба муовинон, раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор дастур дода мешавад, ки бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат ва тақвият бахшидани рушди соҳаи саноати шаҳр мунтазам чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда чораҳои амалӣ андешанд.
Корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 10 миллион сомонӣ, 246 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан 23 ва 20 фоиз зиёд мебошад.
Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 28 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 фоиз зиёд мебошад.
Новобаста аз он ки истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, зиёд шуда бошад ҳам, вале афзоиш додани истеҳсоли маҳсулотҳои дару тирезаи алюминий, шарбати меваю сабзавот ва равғанӣ растанӣ андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.
Бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди 9 адад корхонаи саноатӣ, бо таъсиси беш аз 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ санги асос гузошта шуд, ки ин ба рушди соҳа заминаи босазо хоҳад гузошт.
Дар ин давра 22 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии нав бо таъсиси беш аз 157 адад ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Дар маҷмӯъ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр 27 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ки мутаасифона раванди ташкили ҷойҳои нави корӣ боз ҳам беҳбудиро металабад.
Бо дарназардошти ин, супориш дода мешавад, ки муовинони Раиси шаҳр якҷо бо раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати таъсис додани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳо то моҳи апрели соли 2019 ахбор пешниҳод намоянд.
Истеҳсоли энергияи барқ 1,4 миллиард киловатт - соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз зиёд аст.
Дар давраи хисоботӣ дар ҳаҷми 2,9 миллиард киловатт - соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 миллион киловатт - соат кам мебошад.
Сарфаи энергияи барқ дар натиҷаи ба шабакаҳои гармӣ пайвастани хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооту биноҳо муяссар гардид.
Талафоти технологии барқ 15 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз кам гардидааст.
Маблағи умумии нерӯи барқи истифодашуда ба 591 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он 540 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 91 фоизи нақша баробар мебошад.
Қарзи истифодаи нерӯи барқ дар маҷмӯъ 535 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 126 миллион сомонии он ба соли 2018 рост меояд.
Мутаасифона дар ин соҳа ҳолатҳои дуздӣ ва сарфакорона истифода набурдани барқ мушоҳида мегардад.
Аз ин лиҳоз масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати коҳиш додани қарзҳои истифодаи энергияи барқ, ҷамъоварии пурра ва шафофи маблағҳо ва барои гузаштан ба низоми билингӣ чораҳои зарурӣ андешида, то нимсолаи соли 2019 таклиф пешниҳод намоянд.
Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 барои қабули энергияи гармӣ 1700 иншоот бо дарназардошти соли гузашта пешбини гардида буд.
Дар натиҷаи чораҳои роҳандози гардида, иловатан 181 бинову иншоот ба энергияи гармӣ пайваст гардид, ки ин шумора ба 1881 адад расонида шуд.
Қарзи истифодаи энергияи гармӣ дар ин давра ба 7,7 миллион сомони расида, корхона фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст намудааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани қарзҳои бамиёномада ва таҷдиди назар намудани тарифҳои хизматрасонии гармидиҳиро омухта, тадбирҳои судманд роҳандози карда шавад.
Ҳозирини гироми!
Дар ин давра ҳаҷми умумии маблаггузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба масоҳати умумии 218 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва масоҳатҳои тиҷоратӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад.
Мақомот бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагӣ барои рушди босуботи шаҳр ҷиҳати таъсиси фонди рушди пойтахт ва фонди дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, таклифҳои зарурӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур намуд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 124 иншоотҳои гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дорад.
Дар соҳаи маориф азнавсозӣ ва таъмиру сохтмони 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ шудааст.
Аз ҷумла, сохтмон ва таъмири 13 муассисаи таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст, ба истифода дода шуд.
Дар 28 муассисаи таълимии боқимонда барои зиёда аз 20 ҳазор ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Сохтмони 8 муассисаи томактабӣ барои 1652 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 17 муассисаи томактабӣ барои 1997 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома доранд.
Дар ин давра 200 ишооту биноҳои шафати роҳи протоколӣ пурра рангубор ва таҷдид гардида, корҳои равшандиҳӣ бо дизайни замонавӣ дар 86 бинову иншоотҳо, инчунин азнавсозии 27 адад истгоҳҳои муосир ба анҷом расонида шуд.
Бинобар ин, муовини якум, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ба сифати масолеҳи сохтмонӣ ва тарҳи меъмории иншооту биноҳо бунёдшаванда, диқати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар ин давра сохтмони 11 боғу гулгаштҳо ва 102 майдончаи варзишй пурра ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли ҷорӣ бунёди боз 7 гулгашту 56 майдончаҳои варзиши пешбини гардидааст.
Аз ин рӯ, ба муовини соҳавӣ ва сохторҳои дахлдор дастур дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоту корхонаҳо ба сифати корҳои сохтмонӣ ва дар оянда ҷиҳати истифодаи оқилонаи онҳо тадбирандешӣ намоянд.
Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 7,6 ҳазор гектар ба ҳудуди шаҳр ворид карда шуд ва сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки назорати истифодаи самараноки замину инфрасохторҳои асосиро бо инобати талаботҳои накшаи генералӣ таъмин намоянд.
Ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 19 қитъаҳои роҳ бо дарозии 32,5 километр, дар 4 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 5,5 километр ва кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳо корҳои амалӣ роҳандозӣ гардид.
Дар баробари корҳои анҷомёфта зарур аст, ки ҳангоми лоиҳакашӣ, таъмиру таҷдид ва азнавсозии роҳҳо, иваз намудани хатҳои муҳандисии фарсудагашта пешбинӣ карда шуда, ҷиҳати босифат иҷро намудани корҳои мумфаршкунӣ назоратро пурзӯр намоянд.
Дар ин давра бо ҳама намуди нақлиёт 273 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади азнавсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар давоми ду сол 268 автобусҳои замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифодаи сокинони шахр карор дода шуд.
Дар соли 2019 воридоти 2 автомашинаи махсусгардонидашудаи замонавӣ барои телевизиони Душанбе ва 464 техникақои комунилию хизматрасонӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин барои эҳтиёҷоти пойтахт пешбини гардидааст
Ҳамзамон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблаги 77 миллион сомонӣ, дар доираи татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳр 9 зеристгоҳи тақвиятии соҳа таҷдид гардид ва зиёда аз 37 километр нокилҳои зеризаминӣ ва ҳавои пурра иваз карда шуданд.
Инчунин, аз ҳисоби сарфаи маблағҳои лоиҳаи мазкур харидории 4 адад троллейбусҳои муосири бе ноқил ба накша гирифта шуд, ки соли ҷорӣ ворид мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти мамлакат бунёди корхонаи муосири банду басти автобусҳои мусофиркашонӣ бо иқтидори солонаи 200 адад автобус соли гузашта бо иштироки Пешвои миллат санги асос гузошта шуда, соли ҷорӣ бошад ба истифода дода мешавад.
Дар ин давра низоми пардохти электронии роҳкиро дар 9 хатсайрҳои нақлиётӣ ҷорӣ гардида, гузаштан ба низоми мазкур марҳила ба марҳила идома дорад.
Аз ин лиҳоз масъулинро зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани шаффофияти воридоти маблағҳо дар корхонаҳои коммуналӣ тадбирҳо андешида, барои баланд бардоштани даромаднокии онҳо ва гузаштан ба низоми пардохти электронӣ дар хатсайрҳо корҳоро тақвият бахшанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 0,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 0,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 95,4 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 410 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва бехдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 14,1 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардид.
Вале бояд гуфт, ки нақшаи 1 намуди андоз (андоз аз даромад) иҷро нашуд ва бо ин сабаб зиёда 64 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1, Шоҳмансур 1, Фирдавсӣ 3 ва Сино 2 намуди андоз иҷро нашудааст.
Бақияи қарздории андоз 73 миллион сомониро ташкил дода, ба ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ - 20 миллион сомонӣ, Шоҳмансур - 15 миллион сомонӣ, Фирдавсӣ - 14 миллион сомонӣ ва Сино - 24 миллион сомонӣ рост меояд.
Бинобар ин дастур медиҳам, ки бо мақсади таъмин намудани иҷрои пурраи нақшаи пешбининамудаи қисми даромади буҷет ҷиҳати худдорӣ аз хароҷотҳои дуюмдараҷа, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо чораҳои катъӣ андешида шавад.
Дар ин давра 310 корхонаҳо ё 33 фоизи корхонаҳои шаҳр ба маблаги 682 миллион сомонӣ фоидаи худро кам нишон дода, бо ин роҳ андозҳоро кам пардохт намудаанд.
Ҳамчунин, 112 корхонаҳо ё 12 фоизи корхонаҳои шаҳр даромаду хароҷоти худро сифр нишон додаанд.
Дар соли 2018 гарчанде шумораи андозсупорандагон зиёд гардида бошад, ҳам зиёда аз 6 ҳазор андозсупоранда, аз ҷумла 401 корхонаю филиалҳо ва 5599 соҳибкорон фаъолияти худро қатъ намудаанд.
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои зикршуда, ба муовини соҳави ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дастур дода мешавад, ки ҷиҳати зиёд намудани манбаъҳо ва сарчашмаҳои андозбандӣ чораҷуи намуда, таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пули вусъат бахшида шавад.
Дар ин давра 163 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 миллион метри мукааб зиёд мебошад.
Ба истеъмолкунандагон ба маблаги 69,4 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 98 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соҳаи обу корезӣ дар ҳамкори бо Бонки Осиёии Рушд Созишномаи грантӣ бо арзиши 391,4 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуда, мавриди амалишавӣ қарор дорад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур 425 ҳазор нафар сокинони пойтахт бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида, барқарор намудани шоҳқубури корезӣ бо дарозии 10,8 километр ва харидории 5242 адад ҳисобкунакҳои обӣ амалӣ мегардад.
Ҳамзамон то моҳи апрели соли 2019 сохтмони марҳилаи дуюми обполакҳои зудамали регӣ ба маблағи 52 миллион сомонӣ ба анҷом расонида мешавад, ки иқтидори шабонарузии он 150 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Дастур дода мешавад, ки дар доираи мақсадҳои лоиҳа азхудкунии маблағҳоро саривақт амалӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам ҷалб намудани грантҳо корҳоро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ вусъат бахшида, самаранокии истифодаи лоиҳаҳо таъмин карда шавад.
Бо мақсади сари вақт баровардан ва безарар намудани партовҳо аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба микдори 278 ҳазор тонна партовҳои сахти маишӣ қабул карда шудааст.
Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки раванди сари вақт баровардани партовҳо, ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии партовбарорӣ ва ҳолати воқеии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ беҳбудиро тақозо менамояд.
Ба муовини якум ва раисони ноҳияҳо дастур медиҳам, ки барои солимгардонии корҳонаҳои партовкашонӣ, гузаштан ба низоми билингии ҷамъоварии ҳақи ҳизматрасонӣ, ворид намудани таҷҳизоту теҳникаҳои замонавӣ ва пурра мавриди шартномабандӣ қарор додани муштариён тадбирҳо андешанд.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим дар соҳаи маориф 3 барномаи муҳим қабул гардид, ки аз ҷумлаи иқдомоти созанда ба ҳисоб меравад.
Бо иштироки Пешвои миллат муассисаҳои таълимии рақамҳои 26, 31, 55 ва мактаби байналмилалии Академияи Кембридҷ ба истифода дода шуд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, сазовори 149 медал дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 175 медали олимпиадаи байналмилалӣ гардидаанд.
Новобаста аз шароитҳои муҳайёгардида раванди таълиму тарбия ва рейтинги сатҳи дониши хонандагон ҷавобгуи талабот намебошад, ки ин бозбинии сатҳи касбияти омӯзгоронро тақозо менамояд.
Аз ин хотир, масъулин вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади рушди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро такмил дода ва назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ пурзӯр намоянд.
Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани касбияти омӯзгорон курсҳои такмили ихтисосро зиёд намуда, оид ба масъалаи норасоии кадрҳои соҳа корҳо тақвият дода шавад.
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, сифат ва самаранокии он, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар соҳаи тандурустии шаҳр 3350 нафар табибон ва 5287 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
Дар 61 муассисаи тандурустии шаҳр дараҷанокии касбии табибон 93,2 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 92,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ 96 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 37 фоизашро аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумотҳо дар шаҳр гирифторони бемории вируси норасоии масъунияти одам 1906 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 244 нафар ба соли 2018 рост меояд.
Боиси нигаронист, ки аз ҷониби кормандони соҳа дар аксар ҳолат новобаста аз ташхисҳои гузаронида, беморӣ дуруст муайян карда намешавад, ки боиси норзигӣ ва нобоварии сокинонро ба миён меорад.
Аз ин рӯ, дастур медиҳам, ки ҷиҳати такмили малака ва муоширати кормандон, ҷалби бештари мутахассисони баландихтисоси касбӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мунтазам корбарӣ намуда, назорати катъиро бобати риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ройгон расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба роҳ монда шавад.
Инчунин вазъи риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологи дар беморхонаҳо, дандонпизишкон, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо назардошти таҷдиди қоиунгузории такмилёфта, корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ роҳандози намояд.
Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор аз ҷониби мақомот мунтазам тадбирҳо амалӣ карда мешавад.
Шумораи умумии бонувони пойтахт ба 396 ҳазор нафар баробар буда, аз ин шумора 62 ҳазор нафар занон дар касбу кори гуногун ба фаъолият машғул мебошанд.
Дар ин давра 5449 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2017 1634 нафар зиёд мебошад.
Дар баробари ин, аз ҷониби мақомот ба касбомӯзии занону духтарон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, 1755 нафар занону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар давраи ҳисоботи 7721 оилаи нав бунёд шуда, пошхурии оилаҳо 1777 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 195 ҳолат зиёд мебошад.
Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ дар ноҳияҳои шаҳр корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ таъсис гардида, 645 нафар занону духтарон ба омузиши касбу ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1587 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 700 ҳазор нафар гузаронида шуд.
Дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳрӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ширкат варзида, 1698 нафар соҳиби медали тилло, 1273 нафар соҳиби медали нуқра ва 1282 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Бо қабули барномаҳои соҳа барои истифодаи самараноки имкониятҳо ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, чалби сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқат корҳои муаян ба анҷом расонида шуд.
Дар ин давра 30 ҳазор харитаи сайёҳии шаҳр, 3 ҳазор маводи таблиғотӣ нашр гардида, беш аз 40 гушаи сайёҳӣ ва ташаккули сомона ва харитаи электронии сайёҳӣ амали гардида истодаанд.
Дар пойтахт Фестивалҳои сайёҳи бо фарогирии беш аз 60 ҳазор иштирокчӣ доир карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2018 бо қарори Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумичаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.
Бо назардошти соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2019 ба муовинон ва сохторҳои дахлдор дастур медиҳам, ки фаъолиятро дар самти такмил додани кор дар ободонии маҳаллаҳо, рушди сайёҳӣ ва равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ пурзур намоянд.
Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносӣ, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад.
Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби масъулини мақомот оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва дигар чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон 137 суҳбату вохӯриҳо бо фарогирии беш аз 26 ҳазор нафар аҳолӣ ва кормандони касбу кори гуногун баргузор карда шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллию давлатӣ тамоми имкониягҳои мавҷударо барои дар сатҳи баланди фарҳангиву бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳо сафарбар карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ бақайдгирии ҷиноятҳо дар шаҳр кам шуда, вале содиршавии баъзе ҷиноятҳо афзоиш ёфтааст.
Махсусан, ҷиноятҳои вазнин, дуздии хонаҳо, расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, қаллобӣ, ғайри қонунӣ нигоҳ доштани яроқ, тамаъҷӯи ва содиршавии ҷиноятҳои ноболиғон нисбати соли 2017 зиёд шудааст.
Ҳамчунин, ҳолатҳои оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, шустану пулчинӣ дар нақлиёт ва савдои кӯчагии ноболиғон нисбат ба соли гузашта афзудааст.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки масъалҳои зикршударо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо чораҳои қатьӣ андешанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар доираи иҷрои талаботи қонунгузории мамлакат бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомот тасдиқ гардида, дар асоси он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби сокинони шаҳр дар маҷмӯъ 8384 муроҷиат ворид гардид.
Қабули муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии мақомот роҳандозӣ гардида, дар ин давра 3940 адад муроҷиат ва аксу наворҳо қабул гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкорон ва ташкилоту муассисаҳо 4095 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар се соли оянда бунёди 21 муассисаҳои таълимӣ бо 18 594 ҷойи нишаст, 74 корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 24 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, бунёди 133 биноҳои баландошёна, таъмиру тачдиди 121 хобгоҳҳо ва рангубори 2 224 биноҳо пешбинӣ шудааст.
Дар охир таъкид менамоям, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни 28 солагӣ ва таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон тадбирҳои ободонию созандагиро дар сатҳи баланд таъмин намуда, корҳоро дар ин самт вусъат бахшем.
Ташаккур ба диққататон!