Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 January 2019

Дар бораи баргузор намудани Фестивали байналмилалии “Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ”

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, инчунин ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри Душанбе ва иҷрои сархати 7 банди 2-и қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли 2018, №205, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”                                                 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ” дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ” тибқи замима тасдиқ карда шавад.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи заруриро ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои мақомоти марказӣ дар шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси васеи қарор ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ