Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 January 2019

Дар бораи ҷорӣ намудани либоси ягонаи махсуси корӣ ва риояи он дар объектҳои савдо ва хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе

Бо мақсади андешидани тадбирҳои амалӣ дар самти  баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ   дар ҳудуди шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 8, 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»                                                                                         

                                 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Роҳбарони бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, соҳибкорони инфиродии нуқтаҳои савдо, корхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ  ҷиҳати ҷорӣ намудани  либоси ягонаи махсуси корӣ ва риояи он дар муддати  1 моҳ тадбирҳо андешанд.

2. Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи бехатарии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур чорабиниҳоро амалӣ намуда, аз натиҷаи корҳо ҳар семоҳа ахбор пешниҳод намояд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои онро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

                                                                      Рустами  Эмомалӣ