Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 Январь 2019

ш.Душанбе, 31.01.2019.  Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 нишасти матбуотӣ доир гардид. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба рӯзноманигорон аз натиҷаҳои  рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда маълумот доданд. 

Дар ҷамъомад зикр гардид ки, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет як зумра корҳоро ба анҷом расонид.

Бо андешидани чораҳои амалигардида ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 ба 7,3 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 20,1 фоиз баробар гардид.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118 фоиз, гардиши савдо 120 фоиз, мусофиркашонӣ 105 фоиз, боркашонӣ 107 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104 фоиз таъмин карда шуд.

Аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намуд.

Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион сомонӣ ё 2 маротиба, саноати коркард 1,5 миллиард сомонӣ ё 16 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ ё 9 фоиз зиёд гардидааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 10 миллион сомонӣ, 246 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан 23 ва 20 фоиз зиёд мебошад.

Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 28 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 фоиз зиёд мебошад.

Бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди 9 адад корхонаи саноатӣ, бо таъсиси беш аз 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ санги асос гузошта шуд, ки ин ба рушди соҳа заминаи босазо хоҳад гузошт.

Дар ин давра 22 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии нав бо таъсиси беш аз 157 адад ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маҷмӯъ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр беш аз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт.

Истеҳсоли энергияи барқ 1,4 миллиард киловатт - соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 36 фоиз зиёд аст.

Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар маҷмуъ 1881 иншоот ба энергияи гармӣ пайваст гардид.

Дар ин давра ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2,7 миллиард сомониро ташкил дод.

Дар ин давра ба масоҳати умумии 218 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва масоҳатҳои тиҷоратӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2017 11,6 фоиз зиёд мебошад.

 Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 124 иншоотҳои гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дорад.

Дар соҳаи маориф азнавсозӣ ва таъмиру сохтмони 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ шудааст.

Аз ҷумла, сохтмон ва таъмири 13 муассисаи таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст, ба истифода дода шуд.

Дар 28 муассисаи таълимии боқимонда барои зиёда аз 20 ҳазор ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Сохтмони 8 муассисаи томактабӣ барои 1652 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 17 муассисаи томактабӣ барои 1997 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома доранд.

Дар ин давра 200 ишооту биноҳои шафати роҳи протоколӣ пурра рангубор ва таҷдид гардида, корҳои равшандиҳӣ бо дизайни замонавӣ дар 86 бинову иншоотҳо, инчунин азнавсозии 27 адад истгоҳҳои муосир ба анҷом расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ сохтмони 11 боғу гулгаштҳо ва 102 майдончаи варзишй пурра ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли ҷорӣ бунёди боз 7 гулгашту 56 майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст.

 Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 7,6 ҳазор гектар ба ҳудуди шаҳр ворид карда шуд.  

Ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 19 қитъаҳои роҳ бо дарозии 32,5 километр, дар 4 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 5,5 километр ва кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳо корҳои амалӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин давра бо ҳама намуди нақлиёт 273 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади азнавсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар давоми ду сол 268 автобусҳои замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифодаи сокинони шахр карор дода шуд.

Ҳамзамон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблаги 77 миллион сомонӣ, дар доираи татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳр 9 зеристгоҳи тақвиятии соҳа таҷдид гардид ва зиёда аз 37 километр нокилҳои зеризаминӣ ва ҳавои пурра иваз карда шуданд.

Дар ин давра низоми пардохти электронии роҳкиро дар 9 хатсайрҳои нақлиётӣ ҷорӣ гардида, гузаштан ба низоми мазкур марҳила ба марҳила идома дорад.

Нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид.

Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 0,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 95,4 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 410 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва бехдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 14,1 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардид.

Дар ин давра 163 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 миллион метри мукааб зиёд мебошад.

Ба истеъмолкунандагон ба маблаги 69,4 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 98 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соҳаи обу корезӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд Созишномаи грантӣ бо арзиши 391,4 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуда, мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур 425 ҳазор нафар сокинони пойтахт бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида, барқарор намудани шоҳқубури корезӣ бо дарозии 10,8 километр ва харидории 5242 адад ҳисобкунакҳои обӣ амалӣ мегардад.

Ҳамзамон то моҳи апрели соли 2019 сохтмони марҳилаи дуюми обполакҳои зудамали регӣ ба маблағи 52 миллион сомонӣ ба анҷом расонида мешавад, ки иқтидори шабонарузии он 150 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

 Бо мақсади сари вақт баровардан ва безарар намудани партовҳо аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба микдори 278 ҳазор тонна партовҳои сахти маишӣ қабул карда шудааст.

Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим дар соҳаи маориф 3 барномаи муҳим қабул гардид, ки аз ҷумлаи иқдомоти созанда ба ҳисоб меравад.

Бо иштироки Пешвои миллат муассисаҳои таълимии рақамҳои 26, 31, 55 ва мактаби байналмилалии Академияи Кембридҷ ба истифода дода шуд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, сазовори 149 медал дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 213 медали олимпиадаи байналмилалӣ гардидаанд.

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, сифат ва самаранокии он, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомот ба ҳисоб меравад.

Дар соҳаи тандурустии шаҳр 3350 нафар табибон ва 5287 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

Дар 61 муассисаи тандурустии шаҳр дараҷанокии касбии табибон 93,2 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 92,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 96 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2017 6 ҳазор нафар зиёд мебошад.  

Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор аз ҷониби мақомот мунтазам тадбирҳо амалӣ карда мешавад.

Шумораи умумии бонувони пойтахт ба 396 ҳазор нафар баробар буда, аз ин шумора 62 ҳазор нафар занон дар касбу кори гуногун ба фаъолият машғул мебошанд.

Дар ин давра 5449 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2017 1634 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади камхарҷ доир намудани маъракаю маросим ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар давраи ҳисоботӣ 593 вохӯриҳо аз ҷониби масъулини мақомот ва ноҳияҳои он бо сокинони пойтахт баргузор карда шуд. 

Дар ин давра дар пойтахт 8533 ҷашну маросим бо хароҷоти умумии 34 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. 

Дар ин давра ҳамкории пойтахт бо бародаршаҳрҳо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфта, бо шаҳрҳои Мински Ҷумҳурии Беларус, Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, музофоти Хайнани ва шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳдномаи бародаршаҳрӣ, созишномаи ҳамкорӣ ва нақшаи чорабиниҳои муштарак ба тасвиб расида, як қатор чорабиниҳо доир карда шуданд. 

Дар баробари ин, аз ҷониби мақомот ба касбомӯзии занону духтарон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, 1755 нафар занону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ дар ноҳияҳои шаҳр корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ таъсис гардида, 645 нафар занону духтарон ба омузиши касбу ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1587 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 700 ҳазор нафар гузаронида шуд.

Дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳрӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ширкат варзида, 1616 нафар соҳиби медали тилло, 1208 нафар соҳиби медали нуқра ва 1240 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Бо қабули барномаҳои соҳа барои истифодаи самараноки имкониятҳо ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, чалби сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқат корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.

Дар ин давра 30 ҳазор харитаи сайёҳии шаҳр, 3 ҳазор маводи таблиғотӣ нашр гардида, беш аз 40 гӯшаи сайёҳӣ ва ташаккули сомона ва харитаи электронии сайёҳӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар пойтахт Фестивалҳои сайёҳӣ бо фарогирии беш аз 60 ҳазор иштирокчӣ доир карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2018 бо қарори Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумичаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.

Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносӣ, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад.

Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби масъулини мақомот оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва дигар чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон 137 суҳбату вохӯриҳо бо фарогирии беш аз 26 ҳазор нафар аҳолӣ ва кормандони касбу кори гуногун баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллию давлатӣ тамоми имкониягҳои мавҷударо барои дар сатҳи баланди фарҳангиву бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳо сафарбар карда шуд.

Дар доираи иҷрои талаботи қонунгузории мамлакат бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомот тасдиқ гардида, дар асоси он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби сокинони шаҳр дар маҷмӯъ 8384 муроҷиат ворид гардид.

Қабули муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии мақомот роҳандозӣ гардида, дар ин давра 3940 адад муроҷиат ва аксу наворҳо қабул гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкорон ва ташкилоту муассисаҳо 4095 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар се соли оянда бунёди 21 муассисаҳои таълимӣ бо 18 594 ҷойи нишаст, 74 корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 24 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, бунёди 133 биноҳои баландошёна, таъмиру тачдиди 121 хобгоҳҳо ва рангубори 2 224 биноҳо пешбинӣ шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи арзандаи ҷашни 28 солагӣ ва таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон тадбирҳои ободонию созандагиро дар сатҳи баланд таъмин намуда, корҳоро дар ин самт вусъат мебахшад.

Дар нишасти матбуотӣ муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони ВАО посух доданд.