Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Февраль 2019

Дар бораи баргузор намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, фармоиши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2019, №1 «Дар бораи «Озмуни дастархонороӣ» ва мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»        

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ оид ба «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

3. Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни дастархонороӣ, ки бо фармоиши раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2019, №1 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда шавад.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 9980 (нуҳ ҳазору нуҳсаду ҳаштод) сомониро тибқи замимаи 2 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ