Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2011

Номгуи лоиҳа

Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»

давлат

Тоҷикистон

Бахши фаъолият

Инфраструктураи муниципали ва экологи

Раками мушаххаси Лоиха

38901

Манбаъи маблағгузори

Бонки Аврупоии Тачдид  ва Рушд

Намуди Қарордод

Кору  хизматрасонӣ

Намуди огохонидан (эълон)

Даъват барои иштирок дар озмуни харид

Санаи пешниҳод

15 марти  соли 2011

Мўҳлати охирин

29 апрели соли 2011, соати 10.00 бо вақти Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ХАРИДИ  КОР БАРОИ  БАРҚАРОРСОЗИИ МАЙДОНҲОИ ПАРТОВПАРТОИИ МАВҶУДБУДА

  English version

Даъвати мазкур барои иштирок дар Озмуни харид дар асоси Огоҳинома оид ба Хариди Умуми барои Лоиҳаи мазкур, ки  8 марти соли 2010  дар веб-сайти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд интишор шудааст, пешниҳод мегардад.

Шаҳри Душанбе (Фармоишгар), минбаъд ҳамчун «Фармоишгар», истифодабарии қисми маблағҳои Қарзӣ ва Грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (Бонк) дар қисмати масрафҳои Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» пешбинӣ намудааст.

Харидор ҷиҳати пешниҳоди лифофаҳои маҳкамкардашуда аз ҷониби довталабон барои озмун ва Қарордоди зерин, ки аз ҳисоби маблағхҳои Қарзӣ ва Гранти амалӣ мегарданд, даъват менамояд:

·           Корҳои сохтмонӣ  барои барқарорсозии 1333 майдонҳои партовпартои  дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе  аз он ҷумла ноҳияҳои;

-И. Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино  гузаронида мешавад.

  Ҳаҷми коҳои иҷрошаванда;

- корҳои заминӣ, хиштчинӣ, руипушкунони бо сангу шағал, корҳои бартарафсози, корҳои таъмирӣ барои мустакам намудани сатҳ ва девори майдонҳои партовгоҳ  ва инчунин тайёр намудани дарҳои оҳанин ва ранг намудани онҳо барои партовгоҳҳои хонаҳои баландошёна.

 

Озмуни харид, ки аз ҳисоби маблағҳои Қарзӣ ва Грантӣ амалӣ мегардад, барои тамоми шахсони ҳуқуқи ва  давлатҳо кушода мебошад.

Барои ноил гардидан ҷихати баррасии пешниҳодҳо, довталабон бояд ба талаботҳои минималии зерин чавобгўй бошанд:

a) Гардиши солонаи миёнаи маблағҳои довталабон бояд на кам аз 1,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил намояд, ки дар асоси пардохтҳои умумии иҷрои Қарордодхо дар се соли охир ҳисоб карда мешавад.

 b) Таҷрибаи кор ҳамчун иҷрокунанда (Подрядчик) на кам аз 3 (се) қарордод дар давоми панч соли охир бо маблаги на кам аз 0,8 миллион доллари ИМА (ҳар як қарордод), ки бо муваффакият иҷро карда шудаанд.  Талаб карда мешавад, ки таҷрибаи минималӣ  оиди корҳои оҳану бетони – дар ҳаҷми минималӣ 700 м³, хиштчини - дар ҳаҷми минималӣ  400 м³ ва  корҳои замини– дар ҳаҷми минималӣ 4500 м³ дошта бошанд.

с) Таҷрибаи кории кормандони иштирокчиёни озмун бояд  ба  талаботҳои зерин ҷавобгу бошанд ( таҷрибаи умуми/ тачриба дар гузаронидани корҳои махсус); Менджери Лоиҳа (10сол/5 сола),   ҷонишини Менджери Лоиҳа (10сол /5 сола), Прорабҳо – 8 (5сол/3сола),Муҳандисҳо- тайёркунандаи хароҷотномаҳо (Сметчики) -4(5сол/3сола) ва Устоҳо- 8(5сол/3сола).

 д)  Иштирокчиёни озмун бояд дар ихтиёрашон воситаҳои асосии дар ҳолати пурраи корӣ буда дошта бошанд ва тасдиқ намоянд, ки бо истифодаи воситаҳои асоси аз иҷрои ўҳдадории қабул кардаашон мебароянд. Иштирокчии озмун бояд дар ихтиёраш воситаҳои асоси зерин дошта бошад; - бульдозер х 4, экскватор х 4, Механизми мустаҳкамкунанда (Уплонитель) х4, Дастгоҳи бетонтайёркуни (Бетономешалка) х 4 ва нақлиёти боркашонӣ 5 тонна х 10.

 

Иҷрокунандаи кор (Пудратчи) (ғолибони озмун) бояд ҳаҷми кориро дар мўҳлати муайянгардида, ки 24 ( бисту чор) моҳро баъд аз имзои қарордод ташкил медиҳад, ба  итмом расонида ба Фармоишгар  супорад.

 

Ҳуҷҷатҳои тендериро аз нишонаи дар поён зикргардида, баъд аз пардохти маблағи ҳаққи иштирок (100 доллари ИМА), ки баргардонида намешаванд  ба суратҳисоби зайл, дастрас намудан мумкин аст:

 

Номгўй: Ташкилоти масъул

Маркази Татбики Лоихаи Идоракунии партовхои сахти маишии шахри Душанбе (МТЛ)

Раками  ҳисоб :

20206 840 100 000 003 391 USD

Номгўи бонк:

ҶСК “ТОЧИКСОДИРОТБОНК

МФО

350101216

Нишонии бонк:

734013, к. Беҳзод 47, Душанбе, Тоҷикистон

СВИФТ- код:

TOJITJ22

Бонки Корреспондентӣ:

Commerzbank, Frankfurt, Germany

Ҳисоб

400 88 666 75 00

СВИФТ:

 COBADEFF

 

Баъди дастрас намудани дурустии пардохти маблағи ҳаққи иштирок дар озмун, ҳуччатҳои озмун ба довталабон расонида мешавад. Ҳамзамон МТЛ барои гум шудан ё дер расонидани ҳуҷҷатҳои озмун масъулият надорад. Дар ҳолати зарурӣ ҳуҷҷатҳои озмун ҳамчунин тавассути почтаи электронӣ низ ирсол карда мешаванд. Дар ҳолати номувофиқ будани пешниҳоди тавассути чопӣ ё электронӣ пешниҳодшуда, варианти пешниҳоди чопӣ дуруст хисобида мешавад.

 

Пешниҳодҳои озмунӣ бояд бо кафолати бонкӣ, бо маблағи 30.000 (Сӣ ҳазор) доллари ИМА пешниҳод карда шавад.

 

Пешниҳодҳои озмун бояд ба суроғаи дар поён зикршуда то 29 апрели соли 2011 соати 10.00 (бо вақти маҳаллӣ) пешниход карда шаванд.

Пешниходҳо 29 апрели соли 2011 соати 10-00 дар ҳузури довталабон, ки хоҳиши иштирок зоҳир намудаанд, кушода мешаванд. 

 

Довталабони потенсиалӣ метавонанд маълумоти иловагиро ё ҳамчунин баррасӣ ё дастрас намудани ҳуҷҷатҳои озмунро аз суроғаи дар поён зикршуда пайдо намоянд:

Маркази Татбиқи Лоиҳа

Лоиҳаи Идоракунии партовҳои

 сахти маишии шаҳри Душанбе

к. Н. Қарабоев 48, Душанбе-734018

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992372333536

E-mail: piu_dswmp@mail.tj