Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 February 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 11 феврали соли 2019 дар хатсайри микроавтобуси №4 (маҳаллаи Чиноро - маҳаллаи Пролетар) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи «Акиа» ба роҳ монда мешавад.

Аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии хатсайри автобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс - ҶДММ «Маром») истифода баранд.