«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 February 2019

Дар бораи баргузор намудани Фестивали “Чакомаи гесу” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 4 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”                                                      

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Нақшаи чорабиниҳои баргузории Фестивали “Чакомаи гесу”, Низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2.Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарсти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали “Чакомаи гесу” якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

3.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 54050 (панҷоҳу чор ҳазору панҷоҳ) сомониро тибқи замимаи 4 ба суратҳисоби Раёсати кор бо занон ва оила ҷудо намояд.

4.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ