Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 February 2019
ш. Душанбе. 07.02.2018. Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фарогир буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди мамлакат дастурамали мукаммали корӣ ба шумор меравад. Чун анъана, бо ироаи паёми солонаи худ, пас аз натиҷагирӣ аз дастовардҳо дар фаъолияти як сола, тавассути таҳлилу омӯзишҳои амиқ Сарвари давлат вазифаҳои нав ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаро муайян намуданд.
Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2019-2021 дар самти ноил шудан ба рушди бештари ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароити шоистаи зисту зиндагонӣ барои сокинони тамоми гӯшаву канори мамлакат, инчунин, тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар ҷаҳон заминаи боустувор гузошт. 
Дар паёми имсолаи худ, Сарвари Давлат ҳамчунин ба рушди соҳаи саноати кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нақши соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки санаотикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Албатта расидан ба ин ҳадаф баҳри ба кишвари содироткунанда табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошта, дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ шароити мусоид муҳайё мегардад.  
Дар ин робита, бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, таҳти роҳбарии муовинони Раиси шаҳри Душанбе 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.  
Гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 8 то 25 январи соли 2019 бо масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, савдо, иқтисод, андоз, нақлиёт, сохтмон, коммуналӣ, ободонӣ, энергетика, саноат, бахши ҳунармандӣ, фаъолони пойтахт ва сокинони 34 шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд.
Зимни мулоқоту вохӯриҳо, бо иштироки беш аз 6500 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун мавзӯҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ, масъулияти шаҳрдорӣ, иштироки фаъол дар раванди корҳои созандагиву ободонӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии таъсири манфии фарҳанги бегона, шомилшавӣ ба ҳаракатҳои тундрав, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ ва дигар мавзӯҳои муҳим, ки дар паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуданд.
Иштирокчиёни мулоқот, аз ҷумла сокинони пойтахт Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бевосита ба некӯаҳволии мардум ва боз ҳам баландтар бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ дар мамлакат равона гардидааст, ҳамаҷониба истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки онро дар кору фаъолият ва зиндагии рӯзмарраи худ ба сармашқи корӣ табдил хоҳанд дод.