Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 February 2019

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Модар

 

Бо маќсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиќи моддањои 19 ва 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї» ва моддаи 8 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

 

      Ќ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

1. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «ҶомИ Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ”- и Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе аз 12 феврал то 7 марти соли 2019 баргузор карда шавад.

2. Кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби суратҳисоби махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида маблағи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ» дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо Кумитаи тадорукот, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи шаҳри Душанбе, барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амниятӣ шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” чораҳои зарурӣ андешанд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи  «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шањри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

            Рустами  Эмомалї