Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 February 2019

Дар бораи таҷлил намудани “Рӯзи Модар” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи Модар” - 8 март дар шаҳри Душанбе ва таҳкиму арҷгузорӣ ба мақому манзалати модар, инчунин иҷрои банди 74 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2019 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили “Рӯзи Модар” тибқи замима тасдиқ карда шавад.              

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро дар васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ