Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 March 2011

Таҳҳияи Рамзи Наврўзи байналмилалии Душанбе – 2011 дар Мақомти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  3 феврали соли 2011 дар ҷаласаи ситоди омодагиҳо ба Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев сурат гирифт.

 Бо ин мақсад дар ҷаласаи мазкур шаш гурўҳи кории эҷодӣ: Академияи илмҳои ҶТ таҳти раёсати М. Илолов (президенти Академияи илмҳои ҶТ) , сохторҳои Вазорати фарҳанг ва аҳли зиё – М. Асрорӣ (вазири фарҳанги ҶТ), Иттифоқи нависандагон – М. Бахтӣ, (раиси Иттифқи нависандагони Тоҷикистон), Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе – У. Раҷабов, (директори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80»), Ташкилотҳои дизайнерӣ – Н. Шоев (ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон), Тарроҳони ҷавон- бо сарварии  У. Неъматов–(соҳибкори инфиродӣ) таъсис дода шуд ва ҳамзамон вазифадор карда шуданд, ки то 10 феврали соли 2011 пешниҳодоти худро унвонии Ситоди шаҳрӣ бобати интихоб ирсол созанд.

10 феврали соли 2011 ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ доир гардид ва дар асоси муҳокимаву баррасии ҳайати бонуфуз таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев аз шаш вариантҳои пешниҳодшуда, ҷиҳати ифодасозии ғояи пайгиришаванда, ҷузъиёти 3 лоиҳаи интихобӣ барои дар ҳам омехтан ва коркарди минбаъда пазируфта шуд.

Мукаммалсозӣ ва минбаъд ба нуқтаи ниҳоӣ расонидани  таҳияи Рамзи Наврўзи байналимилалии Душанбе - 2011 зери роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳамкорӣ бо дизайнерони ҷавон сурат гирифт, ки он бо теъдоди 20 ҳазор дона ҳамчун нишони сарсинагӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой истеҳсол карда шудааст, ки замима гардидааст.

Барои истеҳсоли он бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №145 аз 4 марти соли 2011 аз ҳисоби буҷети шаҳр 131040 сомонӣ ҷудо карда шуд.

Рамзи Наврўзи байналмилалии Душанбе - 2011 таҷассумкунандаи мўҳтавои зерин мебошад:

- даврашаклӣ – сайёраи Замин, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ  навишта шудани Наврўз- таъкид ба мақоми ҷашни байналмилалӣ сазовор гардидани он, Душанбе -2011 – макони баргузории нахустин Наврўзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, рангҳои баробари сафед ва кабуди тира- баробаршавии шабу рўз, ки дар як сол ду маротиба рух медиҳад ва нахустин баробаршавӣ 21 март ба амал меояд, ки ҳамзамон ифодакунандаи ғалабаи рўшноӣ бар торикист, сабза ва дурахши Хуршед – ифшогари рўзи нави беолоиш ва эҳёи табиат дар сайёраи ягонаи инсоният –Замин, тоҷ- таҷассумкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун яке аз аввалин кишвари ташаббускарда дар дарёфти мақоми байналмилалии Наврўз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид.

Ҳамзамон шакли росткунҷаи Рамз  низ замима гардидааст, ки ба хотири ороиши наврўзӣ мавриди истифода буда метавонад.

 

1.                                 Мўҳтавои астрономии Рамзи Наврўзи байналмилалии Душанбе -2011

 

 

2.   Рамзи Наврўзи байналмилалии Душанбе-2011, нишони сарисинагӣ

                 

 

3. Шакли росткунҷаи Рамз