Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 February 2019

ш.Душанбе. 19.02.2019.  Бо мақсади рушди деҳот, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ, инчунин рушди ҳунарҳои халқӣ солҳои 2019 - 2021 дар кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон  гардидааст.

Дар ин робита, имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе даври дуюми фестивали "Чакомаи гесу" доир гардид.

Фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ дар доираи расму оинҳои мавҷуда, эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ, кошонаҳои ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои пойтахт ба зебоипарастӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе созмон дода шудааст.

Дар чорабинӣ намояндагони 4 ноҳияи пойтахти ҷумҳурӣ   иштирок намуда, ҳунари худро ба маъраз гузоштанд.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи ороишот, ки аз ҷониби ҳунармандон ва косибон аз чаҳор ноҳияи пойтахт ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ анвои гуногуни ороишоти миллии занона, марбут ба ҳусну таровати мӯй, пардоз ва ороиши рӯй, намоиши  ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили шонатарошию оинасозӣ, сурмапазиву қаламсозӣ, маҳлулу равғанҳои табиию хокаҳои сафедкунию хушбӯйкунанда, ҷамолакбофӣ, тарроҳиву рассомӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуданд.

Дар ибтидои кори ҷашнвора муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон, расму русум ва арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд. 

Бояд махсус ёдовар шуд, ки баргузории Фестивали "Чакомаи гесу" имконият медиҳад, ки паҳлӯҳои ҳанӯз норавшани парваришу ороиши рӯйю мӯй, ҳунари волои машшотагӣ, пардози рӯйю мӯй вобаста ба талаботи замони муосир, муаррифии санъати асили шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни мӯйбофию зулфандозӣ, чавконбандӣ ва дигар унсурҳои ин бахши ҳунари миллӣ кашф шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари  беҳтарини ороишгарон, кошонаҳои ҳусн, машшотаву ҳунармандон муаррифӣ карда шаванд.

Дар давраи навбатии Фестивали "Чакомаи гесу» ғолибони ин барномаи фарҳангӣ аз қисматҳои ноҳиявии пойтахт иштирок намуданд.

Иштирокчиёни фестивал бо намоиши мавзӯӣ аз эҷодиёти халқ, аз қабили намоиш ва ороиши мӯйю мӯйбофии қадима ва муосир, намоиши олами зебоӣ ва ҳусну таровати мӯй, намоиш ва ороишу пардози рӯйю машшотагӣ, парвариш ва муҳофизати пӯсту даст бо истифодаи маҳлулҳову равғанҳои табиӣ аз гулу гиёҳҳои ватанӣ, гулдӯзӣ, бадеҳахонӣ бо анъанаҳои хоси минтақаҳо дар 3 бахш қувваозмоӣ карданд.

Иштирокдорони фестивал, ки аксаран духтарону бонувони Душнбешаҳри зебоманзар мебошанд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки чор фасли соли табиати биҳиштосои Тоҷикистонро бо сару либос, ороишоти миллии занона ва ҳунари волои рақсу суруди тоҷикӣ пешкаши тамошобинон намоянд.

Суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар иҷрои иштирокчиён ҳар яке ифодагари санъату ҳунари воло, аҳаммияти таърихиву фарҳангии он ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд.

 Дар фарҷоми ҷашнвора ҳунари беҳтарин иштирокчиёни Фестивал аз ҷониби мутахассисони соҳа натиҷагирӣ шуда, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.