Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2019

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе»

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди соҳибкорӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»,

 ҚАРОР МЕКУНАМ:            

 1. Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шавад.

2. Оиннома, сохтор, ҳайати Шӯрои нозирон, фонди музди меҳнати директор ва кормандони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шуда, фонди оинномавии муассиса ба андозаи 35000 (сиву панҷ ҳазор) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе ташкил карда шавад.

3. Шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати таъин намудани директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пешбурди фаъолияти муассиса маблағҳои заруриро аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр дар доираи имкониятҳои молиявӣ пешбинӣ намояд.

5. Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида бақайдгирии давлатӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурии фаъолияти муассисаро ба анҷом расонад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                                Рустами  Эмомалӣ