Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2019

ТАСДИҚИ ХАЛТАЧАҲОИ НАВРӮЗӢ АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

                                        

ш.Душанбе. 21.02.201. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд.

Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд.

Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд.

Тӯҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шавад.

Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.