Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2019

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии селпартои кӯчаи Карамов

 

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии селпартои кӯчаи Карамов, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ»

 

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Дар роҳи автомобилгарди чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов бо инобати анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз 24 феврали соли 2019 то 05 марти соли 2019 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда шаванд.

2. Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов, мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон», вобаста ба тағйири ташкили ҳаракат дар роҳ, дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳ таъмин намоянд.

4. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки барои танзими мунтазами алоқаи нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти  зикргардида, барои бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ҷораҳо андешанд.

5. Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгарон - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» хамаҷониба мусоидат намоянд.

6. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас  андешад.

7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М.  гузошта шавад.

 

 

                                                                              Рустами  Эмомалӣ