Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2019

Ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон расонида мешавад, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2019 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз 24 феврали соли 2019 то 05 марти соли 2019  қатъ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» буда, корҳои лоиҳакаширо Корхонаи воҳиди  давлатии «Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» анҷом додааст.

Пудратчии асосии корҳои сохтмону азнавсозӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Заводи асфалту бетон» ба шумор меравад.