Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2019

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 25-уми феврали соли 2019 хатсайри нави автобусии №29 (Беморхонаи Қарияи боло - маҳаллаи Пахтакор) ба фаъолият шурӯъ намуда, тавассути хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопалов ва Борбад ҳаракат менамояд.

Аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир  дар хатсайри автобусии №29 (Беморхонаи Қарияи боло-маҳаллаи Пахтакор) истифода баранд.