Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 February 2019

Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019 – 2022

Бо мақсади фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва иҷрои банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»              

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019 – 2022 ва нақшаи он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муайян карда шуда, оид ба корҳои иҷрошуда ҳар сол то 10 декабр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намояд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе барои маблағузории чорабиниҳои дар нақша дарҷгардида, маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

4. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2019 – 2022-ро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории онро таъмин намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

  

Рустами  Эмомалӣ