Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 February 2019

Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» гузаронида, дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст карда шавад.

2. Ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» тибқи замимаи 1 тасдиқ гардида, фаъолияти худро дар асоси  Низомномаи гузаронидани озмун тибқи замимаи 2 ва Меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмун тибқи замимаи 3   ба роҳ монад.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмун ва то 18 марти соли 2019 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Гурӯҳи кории шаҳрӣ натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2019 ҷамъбаст намуда,   тибқи муқаррарот ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод намояд.

5. Аз ҷониби гурӯҳи кории шаҳрӣ ғолибони озмуни шаҳрӣ барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1», барои ғолиби ҷойи дуюми озмун «Дипломи дараҷаи 2» ва барои ғолиби ҷойи сеюми озмун «Дипломи дараҷаи 3» сарфароз гардонида шаванд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои ҳориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеъи муҳтавои қарори мазкур ва рафти озмунро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                          Рустами  Эмомалӣ