Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 March 2011

Дар  доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе оид ба таҷлили сазовори ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт 10 иншооти нав, ки дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби субъектҳои мухталифи хоҷагидорӣ ва соҳибкорони инфиродӣ сохтмонашон амалӣ гардидаанд, ба маблағи умумии 54,5 млн сомонӣ ба истифода дода шуд.

            Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети шаҳр иншооти Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар заминаи собиқ КВД «Ипподроми шаҳри Душанбе» дар  масоҳати 27,76 гектар  ба маблағи 31,8 млн  сомонӣ,  барои беҳсозии фаъолияти истеҳсолию хизматрасонии КВД «Обу корези Душанбе» аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ: иншооти «Сохтмони ҳавзи нави оби тоза (3000 м3) дар истгоҳи обтаъминкунии Кофарниҳон (КАФ-1), мансуб ба Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе»  бо 2 млн. 100 ҳазор сомонӣ маблағгузории Бонки Исломии Рушд, бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ - иншооти «Таҳвил ва насби таҷҳизотҳои обкашию барқӣ барои пойгаҳҳои обкашӣ» бо  иқтидори таҷҳизотҳои обкашӣ 6125 м3/соат -  3 млн. 592 ҳазор сомонӣ, бори нахуст иншооти «Харид ва насби таҷҳизот оиди безараргардонии об ба воситаи гипохлориди натрий» - 9 млн.198 ҳазору 800 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 6 иншооти истеҳсолию маишӣ ва савдову хизматрасонӣ ба минволи Корхонаи коркарди қуму сангреза, дар маҳаллаи Комсомол, бо иқтидори 13 тон/соат– (ҶДММ «Розияи Сангрез»), сехи хиштбарорӣ дар  маҳаллаи Нодира, бо иқтидори 2 млн дона/сол- (ҶДММ- «Тоҷикистон»), Маркази маъмурию тиҷоратӣ дар кӯчаи Чехов 61/2 -–(соҳибкор Қадамова Р.), Маркази савдои «Колинҳо», вокеъ дар кӯчаи Якка-Чинор,18 -–(соҳибкор Султонова Л.) Маркази савдою маишӣ, дар маҳаллаи Зарафшон –- ( соҳибкор Саидова М.)  аз қабили онҳо мебошанд.