Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 March 2019

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 600 мм, воқеъ дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов     

 

Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе №1/135 аз 28 феврали  соли 2019 - ро баррасӣ намуда, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 ноябри соли 2018, 766 «Дар бораи эълон намудани ғолиби тендер», ҷиҳати пайваст намудани қубури қутраш 600мм ба қубури амалкунанда дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқашудаи  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муваққатан аз соати 2300 рӯзи 1 то соати 2300 рӯзи 2 марти соли 2019 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 600мм, воқеъ дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов, тасдиқ карда шавад.

2.Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубури қутраш 600мм ба қубури амалкунанда, воқеъ дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини зерин:

 

ноҳияи Исмоили Сомонӣ:

 

-маҳаллаҳои А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари - Осиё, кӯчаҳои Н.Хисрав, М.Турсунзода, Ш.Шоҳтемур, П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Пушкин, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи У.Хайём то буриши кӯчаи С.Ғанӣ) инчунин Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Айнӣ»;

 

ноҳияи Шоҳмансур:

 

маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1 ва Бадахшон-2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо, Бофанда ва С.Айнӣ (аз хонаи №1 то №77)  қатъ мегардад.

3.   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои  Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои нақша ва бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

4.  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                               Рустами Эмомалӣ