Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 Март 2019

Оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №802 «Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра», мактуби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №51-256 ҷиҳати омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Билол И., Юсуфӣ М.) баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ба комиссияи шаҳрӣ то 25 марти соли 2019 ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.

3. Раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 30 марти соли 2019 рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ