«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 March 2011

25 марти соли 2011 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолони пойтахт, раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия тибқи рӯзнома вакилон масъалаҳои ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ. «Дар бораи рафти иҷрои чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати сохтмони иншоотҳо бахшида ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳисоботи муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба корҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни 20 -  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахбороти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №41 Турсунова М.Ғ. оид  ба иҷрои ваколатҳои худ, интихоб намудани раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва 57, ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, расонидани  кӯмакҳои якдафъинаи  молиявӣ ба сокинони собиқ маҳаллаи Тахмос ва  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд, дар алоҳидагӣ ва бо музокираву муҳокимаи амиқ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ. «Дар бораи рафти иҷрои чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати сохтмони иншоотҳо бахшида ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба мавсуф бо эълон намудани огоҳӣ ду ҳафта мӯҳлат муқаррар карда шуд, ки ҷиҳати тақвияти иҷрои корҳои нақшавӣ оид ба сохтмони иншооти ҷашнӣ тадбирҳоро роҳандозӣ намояд ва Комиссияи марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати А. Абдурасулов - ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҷараёни корҳои сохтмониро дар ҳама иншооти ҷашнӣ мутобиқ ба талаботи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

Дар иҷлосия  бо шунидани ҳисоботи муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба корҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни 20 -  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кадоме дар алоҳидагӣ вобаста ба соҳа ва масъалаҳои фарогири масъулияти хизматӣ як моҳ мӯҳлат муқаррар карда шуд, ки ҷараёни корҳои омодагиро такони тоза бахшанд, ки дар интиҳо нақшаҳои барномавии оид ба омодагӣ ба 20-солагии Истиқлоият бо Қарори Раиси шаҳр тасдиқшуда комилан таъмин гардад.

Дар ин зимн раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор карда шуданд, ки дар муддати ду ҳафта дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои соҳибмулкони  манзил ва шаҳрвандон дар таносуби ҳар кадом маҳалла ва биноҳои истиқоматии бисёрквартирадор ҷиҳати ободонии маҳал ва таъмири даромадгоҳҳову намои берунаи биноҳо нақшаи муфассали иҷрои корҳоро тарҳрезӣ намуда, иҷроиши онҳоро низ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон дар иҷлосия бо ба инобат гирифтани ахбороти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №41 Турсунова М.Ғ. оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ зикр гардид, ки минбаъд дар таносуби иҷлосияҳо ахбороти ҳар як вакил ва роҳбарони сохторҳои шаҳриву субъектҳои хоҷагидорӣ тибқи регламент шунида хоҳад шуд.

Бинобар сабаби вакилони интихобшуда аз ҳавзаи интихоботии №23 - Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо сабаби ба мансаби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда шудан, дар иҷлосия ваколати онҳоро  қатъ намуда, ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар ҷои вакилони хориҷшуда интихоботи нав дар санаи   29 майи соли 2011 баргузор карда хоҳад шуд.

Сипас, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тибқи рӯзнома, Ҳамидуллохон Фақеров ва Абдулло Ҳабибовро бо назардошти фаъолияти пурсамари вакилиашон бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе, ки дорои имтиёзҳои дахлдор мебошад қадрдонӣ намуда, бо изҳори миннатдории Роҳбарияти шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор намуд, ки ба ҳар як 227 соҳибмулкони манзилашон бартарафшуда дар маҳаллаи Тахмос, ки онҳо дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷараёни ободонии шаҳр саҳм гузоштанд аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии якдафъина расонида шавад.

Инчунин дар иҷлосия бо баррасии дигар масъалаҳои рӯзнома Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе сипосмандии роҳбарияти шаҳр ва аҳли ҷамоатчиги пойтахтро нисбати ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дар мавсими тирамоҳу зимистон таи чанд соли охир дар марзи маъмурии шаҳр роҳандозӣ накардани истифодаи лимитии нерӯи барқ баён дошта, қарор намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо назардошти вазъи феълии воридшавии об ба обанбори НБО-ии Норак ва мушкилоти ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба истеҳсоли нерӯи барқ то ба эътидол омадани вазъият дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаи шаҳр ҳамарӯза аз соати 23-00 то 5-00 интиқоли барқ қатъ карда шавад.

Дар ин радиф бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳоди Фонди ҷаҳонии табиати вуҳуш (WWF, Австралия) оид ба иштироки шаҳри Душанбе дар аксияи ҷаҳонии «Соати Замин» (Чась Земли), ки баҳри мусоидат ба ҳифзи муҳити зист дар сайёраи Замин бо иштироки 350 шаҳрҳои бузурги кишварҳои ҷаҳон 26 марти соли 2011 доир карда шуда, бо ин мақсад дар ин рӯз дар тамоми шаҳрҳои иштирокчӣ аз соати 20-30 то 21-30 дақиқа  интиқоли нерӯи барқ қатъ карда мешавад, пазируфта шуд. Муқаррар карда шуд, ки дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе 26 марти соли 2011 ҳамчун ҳамовозӣ дар аксияи мазкур дар марзи шаҳри Душанбе аз соати 20-30 то 21-30 чароғҳои рӯшноидиҳанда ва рекламаву ороишоти илюминатсионӣ  хомӯш карда шуда, аз соати 22-00 то 23-00 интиқоли нерӯи барқ қатъгардонида мешавад.