Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 March 2019

 ш.Душанбе. 11.03.2019. Дар асоси назарсанҷие, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон миёни  намояндагони ВАО-и кишвар доир намуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрастарин мақомоти давлатӣ миёни вазорату идораҳои мамлакат эътироф  гардид.

Натиҷаи назарсанҷиҳо ва озмунҳое, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон  эълон гардида буд, 11 март зимни ҷамъомади тантанавӣ дар  маросими таҷлили 107-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик дар Душанбе эълон карда шуд.

Дар номинатсияи  «Нашрияи сол»  ҳафтаномаи Вазорати маориф ва илми кишвар  «Омӯзгор» ғолиб гардида, радиои  «Фарҳанг»  «Радиои сол», Муассисаи давлатии  телевизиони кӯдакон ва наврасон -«Баҳористон»  «Телевизиони сол»,  маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Беҳтарин маркази матбуоти сол», маҷаллаи  Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон —  «Сарзамин» «Маҷаллаи сол»     эълон гардида, бо диплому мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.