Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 March 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  мерасонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2019 дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз» дар шаҳри Душанбе ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» санаи 16 марти соли 2019 аз соати 700 то 1100 қатъ карда мешавад.

Аз ронандагон воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз дигар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе истифода баранд.