Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 Март 2019

      1. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани тамрини иштирокчиёни чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 дар хиёбони И.Сомонӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ рӯзҳои аз 12 то 16 марти соли 2019 аз соати 900 то 1300 қатъ карда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз дигар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе истифода баранд.

    2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани тамрини иштирокчиёни чорабинӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз 16 то 21 марти соли 2019 аз соати 1000 то 1400 қатъ карда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз дигар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати роҳҳои  автомобилгарди  шаҳри Душанбе истифода баранд.

    3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бо мақсади омодагиҳо бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз-2019» ҳаракати хатсайри троллейбусии №№1 ва 10 аз 16 то 25 марти соли 2019 дар хиёбонҳои И.Сомонӣ ва А.Рӯдакӣ қатъ карда мешавад.

Аз мусофирон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои №№3 ва 8 истифода намоянд.