Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2019

ш. Душанбе. 15.03.2019. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 4 масъала, аз ҷумла, дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи тандурустӣ, ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 ва №38 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи тандурустӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулин, вакилони халқ ва сохторҳои марбутаро ба риояи вазъи тозагӣ ва беҳдоштии беморхонаҳо, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи дуруст ва мақсадноки таҷҳизоти тиббӣ, зимни лоиҳакашӣ ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ  ба инобат гирифтани иқтидори ғунҷоиши беморон дар утоқҳои тиббӣ, пешгирӣ аз истифодаи маводи дорувории пастсифат, ташхиси дақиқи беморон қабл аз табобат, истифодаи таҷҳизоти безараргардонии асбобҳои сартарошӣ ва оришӣ дар сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ҷалб намуданд.

Иҷлосия ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум шунида, қарори дахлдор ба тасвиб расонд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳр таъкид намуданд, ки татбиқи пурраи лоиҳаи низоми пардохти электронии  роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ҷоннок карда шуда, ҷиҳати аз байн бурдани ҳолатҳои аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон ва тамбашавии нақлиёт, дар ҷойҳои мамнуъ манъ кардани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати  санитарии дохили онҳо, сару либоси ронандагон, аз хатсайри муайяншуда баромадани нақлиёт, ба талабот ҷавобгӯ набудани намои берунии таксиҳо, муносибати дағалонаи ронандагон бо мусофирон, ҳолати тозагӣ ва аз меъёр зиёд бор кардани масолеҳи сохтмонӣ дар нақлиёти боркаш ва бе болопӯш ҳаракат намудани онҳо дар кӯчаҳои шаҳр, таҷдиду азнавсозии роҳҳо бо истифода аз масолеҳи босифат тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар ин робита, ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр, ҷиҳати таъмини иҷрои босифати  барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рушди истифодаи нақлиёти умум дастуру супоришҳо дода, аз масъулин ва намояндагони  ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб намуданд, ки пеши роҳи ҳама гуна вайронкориҳо дар ин самт гирифта шавад.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколатҳои вакилони ҳавзаҳои интихоботии №12 Ҳамидов Комилҷон Абдурауфҷонович ва №38 Убайдуллоева Гулчеҳра Хайруллоевнаро бо сабабҳои муайян пеш аз муҳлат қатъ кард. 

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳр аз вакилони халқ,  роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб карданд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳри таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва ободонии шаҳр, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ  ба тамоми қишрҳои ҷомеа чораҷӯи карда, бо инобати таҷлили шоистаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналхалқӣ доир ба ҳамеша тозаву озода  нигоҳ доштани шаҳр, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ,  таъмини фарҳанги шаҳрнишинӣ, тақвияти корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар пойтахт мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.